Муроҷиат ба соҳибкорон: Сиҳатии оммаро аз манфиати хеш боло донед!
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдору шириниҳо машғуланд ва бо намояндагони муассисахои хӯроки умумию савдо ва истеҳсолот мулоқот баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Азаматхўҷа Воҳидов — сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки баробари фарорасии Соли нави мелодӣ талабот ба ширинию маҳсулоти қаннодӣ ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гуруҳе аз соҳибкорон бо истифода аз имконият молҳои куҳнаи ба фурӯш нарафтаи хешро ба савдо мемонанд, ки ба сиҳатии омма таъсири зиёд мерасонад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолият доранд, қатъиян талаб карда шуд, ки сиҳатии оммаро аз манфиати хеш боло донанд.
Таъкид гардидааст, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шудааст, ки дар шаҳри Хуҷанд 40 адад сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол буда, аз миёни онҳо 20 ададашон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғуланд. Дар ин сехҳо беш аз 200 нафар кормандон фаъолият доранд, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Дар соли ҷорӣ аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз бозорҳо, марказҳои савдо ва мағозаҳои шаҳр беш аз 100 кило маҳсулоти қаннодии шубҳанок ва муҳлати истеъмолашон гузашта аз муомилот гирифта, барои вайрон намудани талаботи қонунгузории кишвар нисбати 2 нафар парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз карда шудааст.
— Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ