Муроҷиати ВКХ ба шаҳрвандон: Аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунед!

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки новобаста ба фармоиши Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 22-юми октябри соли 2021 дар бораи муҳайё намудани имконият барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти корӣ намудан дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон, дар қаламрави он кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд.

Бино ба иттилои манбаъ, муассисаҳои таълимоти олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои судури ҳуҷҷатҳои лозима барои гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон монеа эҷод месозанд. Зимни ин дар аксар мавридҳо ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки маблағи ҳаққи таълимро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд, ҳарчанд дар қарордодҳои онҳо бо муассисаҳои таълимии Қирғизистон талаботи мазкур пешбинӣ нашудааст.

— Илова бар ин, далелҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар ба қайд гирифта мешавад.

Бо дарназардошти ҳолати болозикр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, бо исрор хоҳиш намудааст, ки аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд.

Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷӣ хотирнишон сохтааст, ки тибқи фармоиши Девони вазирони Қирғизистон №12 аз 21-уми майи соли 2021 вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё сафари онҳо ба дигар кишварҳо тавассути қаламрави Қирғизистон то кунун манъ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *