Муроҷиатномаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Истамбул: Моро ба Ватан баргардонед!

Муроҷиатномаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Истамбул: Моро ба Ватан баргадонед! Як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳафта мешавад, ки дар шаҳри Истамбул дармондаанд ва наметавонанд ба Ватан баргарданд. Онҳо бо як муроҷиатномаи хеш ба сохторҳои марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷиии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муроҷиатнома ирсол намуда, хостори ҳар чӣ зудтар ҳалли мушкилоташон шудаанд.

Онҳо бо изтироб мегӯянд, хуруҷи коронавирус кишвари Туркияро низ бештар фаро гирифта, ҳоло 2433 нафар ба ин бемории марговар гирифторанд. Дар ин муроҷиатнома шаҳрвандони Тоҷикистон аз мақомот хостаанд, ки ё барояшон ҳавопаймо бифиристанд ваё ба ширкати Turkish Airlines ба таври истисноӣ иҷозат диҳанд, ки онҳоро то Душанбе бирасонад.

Баъди муроҷиатномаи аввали ин шаҳрвандони дармонда, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ҷиҳати ба Ватан овардани шаҳрвандони дармонда тамоми чораҳо андешида мешаванд. Баъди ин ваъдаи вазорати хориҷа, менависанд муаллифони муроҷиатнома, «ба мо гуфтанд, ки ба шарте ки «агар беш аз 100 нафар ҷамъ биоред, барои шумо парвози истиснои «Сомон Эйр» ташкил мекунанд.» Мо то имрӯз 96 нафарро ҷамъ овардем. Вале то кунун ягон натиҷаи мусбат нест.» Шаҳрвандони навмедшуда менависанд, ки маблағҳои пулиашон тақрибан ба поён мерасад, чунки инак 6 рӯз боз дар меҳмонхона аз ҳисоби худ зиндагӣ доранд ва ба болои ин, бо назардошти қоидаҳои беҳдоштии ҷоришуда, бояд ҳар рӯз ниқоби тиббӣ, дастпӯшак, дорувор, антисептик ва дигар васоили беҳдоштӣ бихаранд.

«Мо намедонам, ки аз ин ба баъд чӣ кор кунем? Дар байни мо одамони бемори қанд, фишори хун ва бемориҳои дигаре ҳастанд, ки барои ташхис омада буданд, дар байни донишҷӯён ва модарон бо кӯдакҳояшон ҳастанд», — навишта шудааст дар ин муроҷиат. Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз 20 март парвозҳо аз хориҷ ба фурудгоҳҳои кишварро манъ карданд, ки ин боиси дар фурудгоҳҳои Русия, Туркия, Ҳинд ва кишварҳои дигар дармондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон шуд. Тайи ду рӯзи охир ҳудуди 400 мусофири дармондаи тоҷикро аз фурудгоҳҳои Маскав ба Тоҷикистон баргардонданд, вале наздики 100 шаҳрванди Тоҷикистон 6 рӯз боз дар Истанбул мунтазири ҳавопаймоеянд, ки онҳоро ба Ватан бубарад.

Муроҷиати мусофирони дар Истамбулбуда дар ҳолест, ки ду рӯз қабл ширкати «Тоҷик-Эйр» 500 мусофири дармондаро аз фурудгоҳҳои Маскав ба ватан баргардонид. Аммо дар хусуси муроҷиати мусофирони дар Туркия буда то ҳол мақомот вокуниш анҷом надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *