Муроҷиати БДА ба ронандагон
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти давлатӣ ва шахсӣ мерасонад, ки ҷаримаҳои таъйиншударо дар муҳлати муайянгардида пардохт намоянд.
Тавре аз раёсати мазкур хабар додаанд, аз таҳлили коршиносони БДА бармеояд, ки аз оғози фаъолияти Маркази худидоракунии нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт сатҳи садаманокӣ ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, вайрон кардани қоида аз ҷониби онҳо тариқи камераҳои назоратӣ сабт мегардад ва ба суроғаи маҳалли зисти онҳо оид ба пардохт намудани ҷаримаҳои таъйиншуда амрнома ирсол карда мешавад. «Мутаассифона, баъзе аз ронандагон хунукназарӣ зоҳир намуда, ҷаримаҳои таъйиншударо сари вақт пардохт наменамоянд»,- хабар доданд аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯйхати баъзе соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бештар вайрон намудаанд ва тавассути воситаҳои махсуси низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт- «Шаҳри бехатар» сабт гардида, ҷаримаҳоро пардохт накардаанд, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуд, ки онро манзури хонандагони сомона мегардонем.
т/р
|
Тамғаи воситаи нақлиёт | Аломати қайди давлатӣ | Шумораи вайронку-ниҳои ҚҲР | Соҳиби воситаи нақлиёт |
1. | «Опел- Астра» | 6815 АР01 | 169 | Мавзудов Нематулло,ш.Душанбе, к.А.Ниёзӣ |
2. | «Опел-Астра» | 1502ВН01 | 19 | Халимов Наврӯз Фахридинович, ш.Душанбе, к.Фирдавсӣ |
3. | «Хуандай- Соната» | 4251 ТТ 05 | 18 | ҶДММ «Талко-Персия» ш.Душанбе к.Карамов |
4. | «Ниссан – Кашкай» | 2318 ВК01 | 21 | Ҷумаев Давлаталӣ ш.Душанбе, н.Рӯдакӣ |
5. | «Тойота Камри» | 5346ТТ05 | 35 | ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе к.Карамов |
6. | «ЧАК-3» | 4863 ТТ 05 | 19 | ҶСП Холдинги Осиё Гурӯҳи Тоҷикистон, ш.Душанбе к.Бухоро 43 |
7. | «Хундай-Аксент» | 6146ТТ05 | 10 | ҶДММ «Олуча-авто»ш.Душанбе к.А.Қаҳҳоров 111 |
8. | «Хундай- Аксент» | 6181ТТ05 | 10 | ҶДММ “Олуча-авто»ш.Душанбе к.Қаҳҳоров |
9. | «Кия-Оптима» | 9871ТТ01 | 47 | ҶДММ Эйшн Экспрессш.Душанбе к.Карамов |
10. | «Тойота –Камри» | 5922ТТ05 | 10 | ҶДММ «Талко- Персия» ш.Душанбе к.Карамов |
11. | «Кия- Оптима» | 9854ТТ01 | 13 | ҶДММ Эйшн экспресс транспорт ш.Душанбе, к.Карамов |
12. | «Тойота-Королла» | 6808ТТ05 | 14 | ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов |
13. | «Мерседес –бенс» | 0003ВН07 | 12 | Халимов Эмомалӣ ш.Душанбе, к. С. Шерозӣ |
14. | «Опел- Астра» | 2490ЕЕ01 | 18 | Ёров Хуршед, ш.Душанбе, к.Қаробоев |
15. | «Тойота –Платз» | 5015ТТ05 | 14 | ҶДММ Сорбон 14ш.Душанбе к.Абдуллобеков |
16. | «Хундай –Соната» | 4935ТТ05 | 11 | ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов |
17. | «Мерседес –Бенс» | 2836ВН01 | 23 | Шоҳмаҳмадов Оятулло ш.Душанбе, к.Тунис |
18. | «Хундай –Старекс» | 5474ТТ01 | 10 | ҶСК Нақлиёт ш.Душанбе, к.Ҷ.Расулов |
19. | «Мерседес –Бенс» | 7229АА01 | 29 | ҶДММ Сорбон 14 ш.Душанбе, к.Абдуллобеков |
20. | «Дэу-Сиелло» | 8951ЕМ01 | 16 | Воҳидов Қутбиддин ш.Душанбе, к.Саҳбо |
21. | «Мерседес –Бенс» | 7929АА01 | 29 | Алиев Хайриддин, н. Рӯдакӣ |
22. | «Мерседес –Бенс» | 6828ДД01 | 10 | Мансур Аҳтамҷон ш.Душанбе, к.Чернишевски |
23. | «Опел- Астра» | 2886АК01 | 22 | Рахматов Раҳмоналӣ ш.Душанбе, к.Борбад |
24. | «Час – 3» | 4850ТТ05 | 13 | Холдинги Осиё ш.Душанбе, к.Бухоро |
25. | «Саманд» | 7010ТТ01 | 40 | ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов |
26. | «Тойота-Королла» | 7062ТТ05 | 12 | ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов |
27. | «Тойота –Королла» | 6482ТТ05 | 10 | ҶДММ «Талко Персия» ш. Душанбе к.Карамов |
28. | «Хундай -Соната» | 5755ТТ05 | 14 | ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов |
29. | «Тойота –Камри» | 019ХВ01 | 76 | КВД пойгоҳи вагонҳои боркаш -1 ш.Душанбе к.Нестерев |
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ