Муроҷиати доктор Тоҳирӣ ба Ҳукумати ҶТ

Доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби машҳури мардумӣ, ки ба наздикӣ ӯро сафи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон хориҷ карданд, бо нашри як эътироз аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки раёсати феълии Иттифоқи навсандагони Тоҷикистон ба истеъфо фиристода шавад ва ба ҷойи он ҳайати нави то 40 сола даъват бишанванд.

Ин Муроҷиаати доктон Тоҳирӣ имрӯз дар саҳифаи фейсбукии муаллиф нашр шудааст:

«Ба диққати Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон. Имсол ки соли ҷавонон аст мешниҳод мекунам, ки Раёсати Иттифоқи нависандаҳоро ба ифтеъфо фиристода ба дар раёсат ҷавонони то 40-солаи лаёқатмандро интихоб намуда, раиси онро ягон нафари корчалонро интихоб намоянд, ки ӯ китобҳои беҳтаринро чоп намуда аз ҳисоби даромади китобҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағе ворид кунад, на ин ки аз пули Президент ҷудо намуда китобҳои худашонро чоп кунанд» — омадааст дар изҳороти Муллозуҳур Тоҳирӣ.

Ин изҳороти Тоҳирӣ пас аз хириҷ кардани ӯ аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нашр шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тайи як соли охир наздики 50 нафар аз аъзоёни худро аз сафи иттифоқ ронд, ки ин боиси сар задании сарусадоҳои зиёд дар ҷомеа гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *