Муроҷиати духтари Гулнора Каримова ба мақомоти Ӯзбекистон

Имон Каримоваи 21-сола, духтари Гулнора Каримова бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли Ӯзбекистон дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш фишор меорад.

Имон Каримоваи 21-сола, духтари  Гулнора Каримова бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли Ӯзбекистон дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш фишор меорад.

Имон навиштааст, ки дар зиндон ба модараш кумаки зарурии тиббиро намерасонанд ва бо вуҷуди доштани чандин навъи беморӣ ӯро аз санҷишҳои бешумору пай дар пай мегузаронанд.

«Сардори зиндон ба раҳбарии кормандони Додситонии кулли Ӯзбекистон бо номи Илёс Султонович ва Анваров У. дастур медиҳад, ки ба модарам фишори ҷисмонӣ ва равонӣ диҳанд», — афзудааст ӯ.

Пештар аз ин Грегуар Манжа, вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ зери фишори равонии доимӣ қарор дорад. «Ӯро табобат намекунанд. Баъди охирин дидори мо Каримоваро фавран аз табобатгоҳи зиндон берун бурданд», — навишт вакили мудофеъ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер.

Вале ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. «Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад», — иттилоъ медиҳад додситонӣ.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *