Муроҷиатнома аз Қазоқистон

Аз номи Раиси ҷамъияти “Кохи Нур”-и  Ҷумҳурии Қазоқистон ба унвони сомонаи “Тоҷикистон таймс” номае расидааст,ки дар он роҳбари ҲНИТ (Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ)  Кабириро барои суханҳои ғаразнокаш  нисбати  Тоҷикистону Қазоқистон , ки дар мусоҳиба бо хабарнигори “Независимая газета”  ба забон овардааст, маҳкум менамояд. Матни пурраи ин муроҷиатномаро пешниҳод мекунем.

 

Муроҷиати Иттиҳодияи тоҷикони
Қазоқистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо
ро
ҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати исломии М.Кабири
бо хабарнигори “Независимая газета”

 

Иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати исломӣ М.Кабириро дар рузномаи «Независимая газета» (мусоҳиб Андрей Саренко, 05.06.2018), ки дар иртибот бо гузориши ғаразноки таҳқиромез, вазъи сиёсии минтақаҳои Осиёи Миёна, хоса Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима кардааст, бо нишони эътироз ва нигаронии шадид маҳкум намуда, қотеъона изҳор медорад, ки чунин амалҳои моҷароҷӯ ва иғвоангези М.Кабирӣ ба таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми бахши муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Қазоқистонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиханд, метавонад халал ворид намояд.

Муносибати дўстона байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии сарони давлатҳои ин кишварҳо мавкеи асосӣ дорад, ки байни онҳо равобити боэътимоди сиёсӣ роҳандозӣ гардидааст ва ин бевосита ба таҳкими некуаҳволии мардуми ин ду сарзамин замина  мегузорад.
Муносибати нек ва ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон мавқеи асосӣ дорад. Вобаста ба дастовардхои ҳарду кишвар саҳми сарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев бузург аст, ки дар таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳоямон нақши муҳим доранд.
Мо тоҷикони муҳоҷир ва муқими Қазоқистон, инчунин тоҷиктаборони ин кишвар, сатҳи ноилшудаи ҳамгироии байни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва намегузорем, ки ин дўстӣ ва бародарии моро чунин душманони миллати тоҷик, ба мисли М. Кабирӣ, халалдор созанд.

Дар робита ба изҳороти раиси ҳизбе, ки террористӣ ва экстремистӣ буда, миллати тоҷикро ба вартаи ҳалокат мебарад, гуфтанӣ ҳастем, ки Ҳизби наҳзат ба сари халқи тоҷик кулфати зиёдро лвардааст. Ҳамин ҳизб буд, ки соли 1992 ҷанги хонумонсӯзи бародариро оғоз кард ва мо тоҷикон иҷборан муҳоҷир шуда, ба Қазоқистон омадем ва имрӯз гарчанде зиндагиамон дар ин кишвар бо роҳату осуда ва осоишта аст, лекин дур аз Ватан ва хешу ақрабои худ ҳастем.
Миллати тоҷик бояд он рузхои бисёр даҳшатноку фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузаштаро ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи Тоҷикистон шуда буданд, ҳаргиз фаромуш намесозад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки рушди ҷомеа ва давлат, фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати милли амалӣ шуда метавонад.
Дар баробари ин, фаромуш набояд кард, ки суботу оромӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду руйдодҳои ҷахони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткорихои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми «шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ» бисёр муҳим мебошад.
Аз ин ру, мо ҷомеаи тоҷикони Қазоқистон, мусоҳибаи ғаразнок ва таҳқиромези раиси ҳизби террористии наҳзати исломӣ М.Кабириро, ки дар рӯзномаи «Независимая газета» (мусоҳиб Андрей Саренко,03.06.2018)чоп шуда, миллати тоҷикро боз ба сӯи навмедӣ, фақр, бенавоӣ, нооромӣ ва бесуботӣ даъват менамояд, бо нишони эътироз ва нигаронии шадид маҳкум мекунем.

 

Шакарбек Норматов

Роҳбари Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷамъияти ва марказҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон “Кохи Нур”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *