Муродалӣ барои “алик-малик”-аш 15 шабонарӯз зиндонӣ шуд
Муродалӣ Муқимов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо ҳангоми қиморбозӣ дар кӯчаи А. Навоӣ мақомоти милитсия дастгир карданд.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои ҷиноятӣ кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Муқимов Муродалӣ Умаралиевич, санаи таваллудаш 01.02.1969, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоиро ҳангоми қиморбозӣ дар кӯчаи Фирдавсӣ дастгир карданд.
Гуфта мешавад, зимни пурсиш муайян карда шуд, ки гарчанде ӯ қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии “алик-малик” машғул шудаву бо ин роҳ маблағ ба даст меовардааст.
Вобаста ба ин нисбати Муқимов Муродалӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ