Муродов: Келинам кӯдакашро ба ҳоҷатхона партофта сангборон кард
Ҷавонзани 21 Аблуллоева Гулсара, санаи 21 феврал пас аз 4 моҳи тӯй кӯдаки 9 моҳа таваллуд карда, барои аз чашми ҳамагон пинҳон мондани ин амалӣ пасти худ навзодро ба ҳоҷатхона партофтааст. Ба гуфтаи маъулини мақомоти шаҳри Истаравшан , ин зан субҳи 21 феврал писар таваллуд карда, бо мақсади аз мардум пинҳон карданд, кӯдаки навзодро ба ҳоҷатхона партофтааст. Аммо овози гиряи тифлро аҳли оила шунида, ӯро аз марг наҷот додааанд. Барои фаҳмидани асли ҳодиса роҳ пеш гирифтем сӯи деҳаи Туқузчалаки ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, то ба ҳарду оила аз наздик сӯҳбат намоем:
-Соати 8:00 дақиқа ба бозор рафта дилам мисоли дар хона ягон кору ҳол шуда бошад сиёҳ шуд. Баъди 25-30 дақиқа ба хона баргаштам. Аз дарвоза даромадам, ки келин аз ҳоҷатхона давида омаду дар даст як кулухи аз панҷаи даст калонтар гуфт:-Дар туалет сагча-ми пишакчами ё барачаи кадом афтида садо бароварда истодааст. Мурад гуфта зада истодаям, ки инқадар овоз баланд накунад. Ман гуфтам, ки дар торикии даруни ҳоҷатхона чӣ хел дидӣ, ки сагча-ми пишакча аст? Исто, дигар сангу кулухғурронӣ накун, ман як фанарик оварда бинам агар барачаи ягон ҳамсоя омада афтида бошад кашида мегирему ба соҳибаш медиҳем. Агар сагча ё гурбача бошад аз туалет озод кунем боз хонаи соҳибашро ёфта меравад нақл кард хусури келин-Абӯалӣ Муродов…
Хулас фанарикро гирон карда бинам дар дохил тифли одамӣ гиря карда хоб рафтааст. Аз шиддати тарс чашмонам сиёҳӣ зад. Ба қафо гашта ба келин гӯям, ки ин сагу пишакча не, кӯдак будааст, ки келин нест. Ӯ омада дар хона чунон пой дароз карда роҳат шиштааст, ки гӯё коре нашуда бошад. Бо раиси маҳалла аз келин пурсидем, ки кӯдак аз кӣ аст росташро гӯяд. Келин барои ин савол хафа шуда бо оҳанги дурушт гуфт: Ба милиса хабар медиҳед- ми ё каси дигар гуфтан гиред ман дуюм рӯз боз грипп аз ягон чиз хабар надорам. Хулас нозир омад ва кӯдакро дида гуфт: -Мабодо ҷинояткор аз ҳамин оила набошад? Мо бегуноҳон мисли барги бед меларзидем, аммо гунаҳгори асосӣ, ки тифли худашро ба туалет партофта буд, чеҳрааш дигар намешуд. Нозири минатқавӣ ба тифл дилаш сӯхта як шаппотӣ ба рӯи келини ҷодугарамон фароварда буд, ки “кӯдаки ман” гуфта иқрор шуд-идома дод Муродов
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ