Мурофиаи ҲНИ дар Русия паси дарҳои баста мегузарад (аудио)
Суди Олии Русия ҳафтаи равон даъвои Прокуратураи генералии Русияро дар бораи террористӣ эътироф намудани ҲНИТ* баррасӣ мекунад.
Мурофиа паси дарҳои баста, рӯзи 14-уми сентябр баргузор мегардад. Дар ин бора ба Агентии иттилооти ҳуқуқӣ ва судии Русия аз хадамоти матбуоти суд хабар додаанд.
Қаблан Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов хабар дода буд, ки ниҳоди зертобеаш барои террористӣ эътироф намудани ҲНИТ* ба суд даъво пешниҳод кардааст.
25-уми июли соли 2022 Игор Краснов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд. «Ба маълумоти ҳамтоям (Прокурори генералии Тоҷикистон) мерасонам, ки дархости ӯ дар бораи террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот дар Русия баррасӣ шуд. Мо аллакай нисбат ба ҲНИТ* ба суд даъвои дахлдор пешниҳод кардем»,- гуфт ӯ.
Суди Олии Тоҷикистон соли 2015 бо даъвои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро террористию экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ кард. Илова бар ин, ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ шомил карда шудааст.
* Ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ