Мусалмонӣ куҷост? Куштор дар масҷид
Ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиди Идгоҳ дар шаҳри Кобул ба 12 нафар расид. Ҳамзамон 32 тани дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд
Рӯзи 3 октябр дар яке аз масҷидҳои Кобул тирпарронии шадид рух дод, ки дар натиҷа чанди куштаву даҳҳо захмиҳо ба бор овард.Шумораи кушташудаҳо бар асари таркиши интиҳорӣ назди яке аз бузургтарин масоҷиди шаҳри Кобул афзоиш ёфтааст.
Бино ба хабари расонаҳои дохилӣ, теъдоди фавтидагон ба 8 нафар расида, ҳамзамон 32 каси дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Ин ҳодиса замоне рух дод, ки дар масҷиди Идгоҳ бо модари яке аз роҳбарони ҷунбиши ҳаракати «Толибон» маросими хайрбод баргузор гардида буд.
Гуфта мешавад, ҳадафи ҳамла маҳз роҳбарони «Толибон»* ва вазироне, ки аз ҷониби онҳо интихоб ва таъйин гардидаанд, қарор доштанд.
Пештар аз кушта шудани 2 сокини маҳаллӣ ва захмӣ шудани се нафари дигар гузориш шуда буд.
Дар робита ба ин ҳодиса се нафар боздошт шуданд, ки ҳар сеи онҳо ҷангиёни ДОИШ* мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ