Мусалмони Куриёи Шимолӣ то Ҳаҷ бо велосипед рафт!

Марди мусалмони чинӣ тасмими аҷиберо дар роҳи зиёрати Ҳаҷ гирифтааст: Ӯ аз ҶХК ( Ҷумҳурии Халқии Куриё) то нимҷазираи Арабистон ба воситаи дучарха тӯли 4 моҳ роҳ рафта, билохира ба мақсуди хеш- зиёрати хонаи Худо бо ранҷу машаққати роҳ ноил шудааст.

 Чунончӣ телевизиони Al-Arabiya хабар медиҳад , ба ин марди роҳ, ки алакай афсурдаю нотавон шуда буд, сокинони ноҳияи  Ар-Риёд дучор омада, мефаҳманд ,ки мавсуф чор моҳ ба инҷониб дучархасавор дар роҳи зиёрат намудани ҳаҷ аст. Ин мусалмони Куриёӣ, ки миллаташ чинист, пас аз вохӯрӣ бо сокинни  Ар- Риёз номаш расонаӣ шуду, кулли телевизионҳои ватанию дигар мамолики мусалмони дунё аксҳояшро бо велосипеду ҷузвдони либосмонияш дар радаи авали саҳифаи сомонаҳояшон ҷой медоданд. Аммо ин шаҳрванди Куриёи Шимолӣ нахостааст, ки номашро ифшо намояд. Ӯ мегӯяд, ки «Мақсуди ман аз ин сафар на худнамоист, балки мехостам, ки шарти асосии зиёрати Каъбатулло- машақати роҳро адо намоям. Мехостам дар роҳи расидан ба дидори Маъшуқ ранҷ кашам то заҳмати он бидонам ва аснои гуфтугӯ бо Ӯ самимӣ бошам».

Зиёрати Ҳаҷ яки аз 5 фаризаҳо баҳри мусалмонони олам аст. Ибтидо аз пайдоиши дини мубини Ислом то имрӯз миллионҳо мусалмонони олам бо роҳу васоити гуногун шарафманди дидори ҳақ дар Каъбатуллоҳ гардидаанд. Масҷиди Ал-Ҳарам, ки дар он санги Каъба ҷойгир асл ҳамасола миллионҳо мусалмонони нажоду ранги пӯсташон гуногунро ба ҳам оварда, дар роҳи гуфтугӯ бо Маъбуд муттаҳид месозад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *