Мушаррафа Қосимова, «модари театри тоҷик» вафот кард

Шаби гузашта Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик дар манзили худ дар шаҳри Душанбе дунёи фониро падруд гуфт.

Шаби гузашта Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик дар манзили худ дар шаҳри Душанбе дунёи фониро падруд гуфт.

Ӯ рӯзи 19 декабри соли гузашта ба синни мубораки 100-солагӣ расида ва ин ҷашн дар аз ҷониби фарҳангиёни кишвар таҷлил шуда буд.

Мушаррафа Қосимова дар даҳаи 1930 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд таҳсил карда ва баъди “душмани халқ” эълон шудани падараш, Мушаррафа Қосимова маҷбур шуд барои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр дохил шавад.

Мушаррафа Қосимова дар соли  1946 бо ҳунарманди маъруфи вақт Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ кард. Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.

Вай Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мебошад ва дар намоишномаҳои «Ҳаёт ва ишқ»-и Файзулло Ансорӣ, «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода, «Дохундаи»-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои «Нисо», «Вохӯрӣ дар дара» ва «Дарду алами Афғонистон» нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи «Исёни арӯсон» ва «Ҷон модаракон» нақши модарро иҷро кардааст.

Мушаррафа Қосимова модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри «Аҳорун» дар Тоҷикистон аст. Фаррух Қосимове, ки ба эътиқоди соҳибназарон бо таъсиси “Аҳорун” дар театри тоҷик инқилобе барпо карда буд.

Маросими расмии видоъ бо Мушаррафа Қосимова соати 12.00 дар манзилаш (бо суроғаи Бухоро 2, назди ресторани Бухоро Палас») ва намози ҷаноза дар масҷиди Қаламишкор баргузор мешавад.

Ҷасади Мушаррафа Қосимова на дар қабристони чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ дар минтақаи Лучоб, балки тибқи васияти ӯ дар қабристони Сари Осиёи пойтахт дар паҳлуи қабри шавҳараш дафн хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *