Мушбирёнда биё, бача!

Мушҳои саҳроӣ дар кишвари Зимбабве яке аз хӯрданиҳои лазизтарин ба шумор мераванд. Кӯдакон мушқапакҳои худсозро гирифта, бо фаро расидани торикӣ ба шикор мебароянд. Дар як шаб бачаҳо аз 50 то 100 муш меқапанд. Бояд гуфт, ки шикори муш чандон кори бехатар нест, зеро барои шикори ин ҷонварон морҳои заҳрнок низ баромада, ба ҳаёти кӯдакон хатар эҷод мекунанд. Бачаҳо мушҳои қапидаашонро дар оташ пухта, дар сари роҳ меистанд ва ҳар як мушро бо нархи 10 доллар мефурӯшанд.

Саги забондарозтарини олам

Саги модаи ҳаштсола, зоти сенбернар бо лақаби Мочи, аз иёлоти Дакотаи шимоли ИМА саги забондарозтарини олам дониста шудааст. Дарозии забони Мочи 18,58 сантиметрро дар бар мегирад. Мочи рекорди қаблии саги забондарози зоташ пекинес Паггио бекор намуд. Забони Мочи назар ба забони Пагги чор сантиметр дарозтар будааст.

Садбаргҳои тиллоӣ

Дар яке аз мағозаҳои ҷавоҳиротфурӯшии шаҳри Нанкин 1999 садбарги аз тилло омодашуда ба фурӯш бароварда шуд. Ҳар як дона гули садбарг, ки аз фолгаи тунуки металӣ омода шудааст, тақрибан 45 доллари ИМА арзиш дорад. Гулҳои тиллоиро ба дохили шишаи махсуси дар шакли дил оро додашуда ҷой намуда, мефурӯшанд.  Нафарони зиёде ба гулҳои зарин мароқ зоҳир намуданд, вале шумораи аниқи харидорон гуфта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *