Мушкили №1-и Ҳафткӯл

Ҳафтаи гузшта, рӯзҳои истироҳат бо ҳамкорон ба “Ҳафткӯл” рафтем. “Ҳафткӯл” яке аз муъҷизаҳои табиати Тоҷикистон аст, ки дар шаҳри Панҷакент ҷойгир мебошад.

Тамошои кӯлҳои Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғзор ва Ҳазорчашма аҷаб гуворову хотирмон буд. Ҷолиб он аст, ки бо вуҷуди хуб набудани роҳҳо (илова бар ин, ба наздикӣ ба ин мавзеъ сел омада будааст) сайёҳони зиёде аз кишварҳои мухталифи олам ба тамошои ин муъҷизаи табиат омада буданд. Чанд сол қабл, дар “Ҳафткӯл” шароит барои қабули меҳмонон хуб набуд. Вале имсол мушоҳида кардам, ки барои қабули сайёҳон ба дараҷаи олӣ набошад ҳам, ошхона ва меҳмонхонаҳое пайдо шудаанд. Вале бо вуҷуди ин сайёҳон аз “Ҳафткӯл” хушашон омада буд.

“Ҳафткӯл”, тибқи мушоҳидаи банда, як мушкили асосӣ дорад. Он ҳам хуб набудани алоқаи мобилӣ ва мавҷи интернет. Сайёҳон одат доранд, ки ҳар лаҳзаи бардоштҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд, вале интернет дар ин мавзеъ хеле суст аст. Дар баъзе аз манотиқи “Ҳафткӯл” мавҷи интернет тамоман дастрас нест.

Аз раиси шаҳри Панҷакент хоҳиш мекунем, ки ба ин мушкил расидагӣ намоянд ва дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ ин мушкилро бартараф созанд.

Саидҷон АБРОРОВ,

сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *