Мушкили либоси мактабӣ. Матоъҳои аз хориҷа воридшуда бесифатанд? (аудио)

Сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии «Тоҷикстандарт» Суҳроб Ашурзода дар як суҳбат бо нашрияи «Ҷумҳурият» изҳор доштааст, ки ҳанӯз ҳам сифати либосҳои мактабӣ беҳбудӣ мехоҳад.

— Имрӯз чун солҳои пешин роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хусусӣ барои тавлидоти моли ватанӣ аз ҳар гуна матои аз хориҷи кишвар воридшуда истифода мебаранд, ки давоми чанд соли корфармоӣ маълум гашт, ки аз ҳар гуна нахи сунъии таркибашон номаълум бофта шудааст,- изҳор доштааст ӯ.

Вай таъкид намудааст, ки матоъҳои аз хориҷа воридшуда бесифатанд ва тавзеҳ додааст, ки босифат бояд чӣ гуна бошад. «Матои босифат бояд 35% аз нахи сунъӣ ва 65% аз нахи табиӣ — пахта бофта шавад»,- гуфтааст ӯ.

Мавсуф таъкид намудааст, ки бо мақсади беҳтар намудани сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, «Тоҷикстандарт» якҷо бо вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, стандарти давлатии ҷадид таҳти унвони «Либоси мактабӣ. Шартҳои техникӣ» роҳандозӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *