Мушкили набудани маблағ дар банкоматҳо чист? Раиси Амонатбонк шарҳ дод
Сироҷиддин Икромӣ — раиси Амонатбонк мушкилоти набудани маблағро дар банкоматҳо шарҳ дод.
“Мардум дар охири моҳ маош мегиранд. Инчунин, муҳоҷирон тавассути корт маблағ мефиристанд. Бинобар ин, дар охири моҳ мардум дар назди банкоматҳо зиёд ҷамъ меоянд. Дар дигар рӯзҳо назди банкоматҳои Амонатбонк холӣ аст. Мардум бидуни мушкил метавонанд аз банкоматҳо пул гиранд. Агар дар банкомат пул набошад ҳам, мизоҷон имкон доранд аз дохили филиалҳои Амонатбонк маблағи худро гиранд”,- изҳор дошт раис зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои Икромӣ, беш аз 60 фоизи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон тавассути корт маблағи худро интиқол медиҳанд.
Икромӣ изҳори боварӣ кард, ки дар соли 2023 мушкилоти боқимонда низ рафъ хоҳанд шуд. Зеро дар соли гузашта 70 банкомат ва дар соли ҷорӣ 30 адади дигар харидорӣ ва дар мавзеъҳои сераҳолии кишвар насб карда шудааст.
Ба таъкиди Сироҷиддин Икромӣ, яке аз ҳадафҳои асосии Амонатбонк гузаштан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аст. Ҳоло дар Амонатбонк ин раванд хуб ҷараён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ