Мушкили нав ба муҳоҷирон

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев гуфт, фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактабҳои русӣ қабул шаванд.

Ин суханҳои ӯ дар робита ба пешниҳоди Оҷонсии федеролии умури миллатҳо дар бораи таъсиси марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон дар Русия дар канали «Телеграм»-и ин шӯро нашр шуд.

Ба назари Фадеев, вақте фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд, «таълими тамоми синфҳо халалдор мешавад». «На танҳо кӯдакони рус, балки худи меҳмонон низ азият мекашанд. Агар онҳо чизе нафаҳманд, дар бораи раванди таълим чӣ гуна суҳбат кардан мумкин аст? Ин гуна кӯдакон бояд ба давраҳои ҳарсолаи омӯзиши забони русӣ фиристода шаванд ва танҳо баъд аз он ба синфҳои умумӣ қабул шаванд»,- афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *