Мушкили оилавӣ — сабаби худкушии раиси як ҷамоат дар Шаҳритус
«Ин аввалин худкушӣ дар соли 2022 аст,- мегӯяд раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор.
Ҳанӯз рӯзи 11-уми феврали соли ҷорӣ Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус даст ба худкушӣ зада буд. Сабабаш мушкилоти оилавӣ гуфта шудааст.
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус имрӯз, 15-уми феврали соли равон, дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров аз мушкилоти оилавӣ даст ба худкушӣ задааст. Ӯ мегӯяд, ки дар соли 2021 се ҳолати худкушӣ дар ноҳия сабт шудааст.- Ин аввалин худкушӣ дар соли 2022 аст,- таъкид кард вай.
Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоти болозикр, ки даст ба худкушӣ зада буд, 34 сол дошт ва соҳиби чор фарзанд будааст.
Манобеи огоҳ мегӯянд, ки рӯзи 10-уми феврал Хушқадам Нодиров дар деҳаи Айвоҷ бо мардуми маҳаллӣ маҷлис дошт ва вазъаш хуб будааст. Дар маҷлис асосан масъалаи об баррасӣ шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ