Мушкилоти чандсолаи беобӣ дар Хуросон

Аз 128 ҳазор аҳолии ноҳияи Хуросон қисмати андаки онҳо, яъне наздики 30 дарсадашон бо оби доимии нӯшокӣ таъминанду халос. Беш аз 20 сол аст, ки бо талош ва тадбирандешии роҳбарияти собиқу имрӯзаи ин ноҳия мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ бартараф карда намешавад.

Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Хуросон дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки кашидани хати об ба ноҳия бо сармоягузории давлати Ҷопон бо харҷи 58 миллион доллар дар назар буд. Ӯ мегӯяд, ки бо паҳншавии бемории коронавирус ин лоиҳа амалӣ нагардид.

— Вале мо ҳаракат карда истодаем. Аз як чашма бо қубури ҳаҷмаш 50 ба беморхонаи марказии ноҳия об овардем. Дар марҳилаи дигар боз аз канали обгузаре, ки аз ноҳияи Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба ноҳияи мо меояд, об меорем. Аллакай ҳавз кардем, насос ва қубур мондем. Дар муддати як моҳ ва ё зиёдтар аз он обро ба марказ меорем ва ба ду тарафи шоҳроҳ тақсим мекунем. Дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ҳам ҳамин мушкилӣ ҳаст. Соҳибкорон барои дастгирӣ омодагии худро иброз доштанд. Маблағ аз онҳо, кор аз мо ва сокинон мешавад,- таъкид кард вай.

Аксар сокинони ноҳияи Хуросон дар назди хонаҳои хеш барои захираи об чоҳ кофтаанд. Онҳо обро харидорӣ мекунанд. Барои ҳалли мушкилоти беш аз 20-солаи сокинон бо дастгирии ҳукумати кишвар ва сармоягузории давлати Ҷопон бояд ба ноҳияи Хуросон бо харҷи 58 миллион доллар хати оби нӯшокӣ кашида мешуд. Вале ба гуфтаи масъулин, паҳншавии бемории коронавирус ба амалӣ шудани ин нақшаи муҳим таъсири манфӣ расонид.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *