Мушкилоти Истаравшан: Оби нӯшокӣ, ҷойи кор, вазъи бади бозор… 

Аз набудани рӯзҳои поку сафокорӣ бозор баъди фаро расидани бегоҳиҳо дар саҳни он мушу каламушҳо аз чуқуриву сурохиҳои ифлос сар бароварда, дар даву тозанд. Яъне, навбати бозори мушон мерасад гӯем, хато намекунем. Ҳатто ҳоҷатхонаҳояш оби равон надорад ва дастӣ аз сатилчаҳо об рехта мешавад.

Истаравшан яке аз шаҳрҳои куҳану бостони тоҷикон аст. Калонтарин шаҳри вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Нуфузаш наздики 300 ҳазор нафар аст. Аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ дар баромадгоҳи дараи хушбоду ҳавои Шаҳристон ҷойгир шуда,  сатҳаш аз талу тепаҳо ва ҳамворӣ иборат мебошад.

Соҳаи хоҷагиаш асосан ангурпарварию боғдорист. Шаҳр дар ду канори сой (канал)-и бе об доман афрохтааст. Дар баробари масҷиду мадрасаҳои таърихӣ ду теппа дорад – яке Муғ дигаре Тал ва шояд аз ҳамин сабаб дар гузашта Ӯротеппа, яъне теппа-теппа номида мешуд. Теппаи Тал дар канори шаҳр қисмати ҷануби ғарбиаш ва теппаи Муғ дар маркази шаҳр ҷойгир аст.

Солҳои зиёд теппаи Муғ лучу урён буд, на дарахтеву на бутаи сабзе дошт. Танҳо ба шарофати ҷашнвораи 2500-солагӣ, ҳол он ки Истаравшан таърихи беш аз 3000-сола дорад, дар болои Муғ як дарвозаи бо нақшунигори шарқӣ сохта шуд ва дар ҳамин ҷо ба иштироки Сарвари давлат, намоиши театрикунонида пуршукӯҳ барпо гардид. Боиси таассуф аст, ки чандин даҳсолаҳо дар шаҳрдории Истаравшан яке дигареро иваз мекарду аз ободкориву бунёдкорӣ дараке набуд ва ба номбар кардани номи онҳо забони кас намегардад, зеро аз худ коре ё нишоне боқӣ нагузоштаанд. Танҳо соли 2018  ба вазифаи шаҳрдорӣ таъин гардидани Баҳром Иноятзода шаҳр ва теппаи Муғ дар як муддати кӯтоҳ симои худро тағйир кард. Бо ташаббуси ин марди наҷиб гулгаштҳо сохта шуд. Қалъаи Муғро қалъабандӣ кард. Аз зер то болои қалъа дарахтони ҳамешасабз шинонда, об бароварда шуд. Дар болои он амфитеатр ва гирдогирди қалъа ҳисор-девори қадимаи шарқӣ бунёд гардид. Қалъа аз нав таҷдид ва эҳё гардид. Акнун ин ҷо ба макони сайру саёҳати сокинони шаҳр ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ табдил гашт.

Аз чунин корҳои ободкориву бунёдкории Иноятзода ҳамаи сокинони Истаравшан шоду мамнун буда, дар ҳаққаш таҳсину офарин мегуфтанд. «Акнун ба шаҳрдори ҳақиқӣ соҳиб шудем» — мегуфтанд онҳо.

Боиси таассуф аст, ки ин шахси кордону бунёдкорро зуд иваз карда, ба шаҳри Кӯлоб раис таъин карданд ва чандин нақшаҳои ояндасозаш барои боз ҳам обод кардани ин куҳаншаҳр дар дил монда, амалӣ нагашт. Афсӯс!

Дархости истаравшаниҳо ва амри Ӯлҷабоев

Ягона мушкилоте, ки солҳои сол вуҷуд дорад – норасоию танқисии оби нӯшокист. Ин  ҷо воқеаеро аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ меорем:

Боре зимни сафари Т. Ӯлҷабоев ба Истаравшан наздаш як гурӯҳ пирони рӯзгордидаи шаҳр меоянд. Ӯлҷабоев аз онҳо ҳолпурсӣ карда, арзашонро мешунавад.

-Писарам,- мегӯяд, яке аз он пирони нуронӣ – то кай мо ба як қулт об зор мешем. Охир, беҳуда обу ободӣ нагуфтаанд-ку. Ӯлҷабоев қатъӣ ваъда медиҳад, ки ин муамморо ҳам фасл кунад. Дар натиҷа, бо амри ӯ обанбори Катасой сохта шуд. То имрӯз тамоми фасли сол боғоту киштзорҳои деҳот аз он обшоранд.

Чуноне дар боло зикр шуд, дар шаҳр танқисии оби нӯшокӣ дар чор фасли сол ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, сокинон ягона илоҷи онро бо харидаю захира кардани об мебинанд. Аз ин рӯ, аксари сокинони Истаравшан ҳавзҳои обу зарфҳои калони ғунҷоишашон то 1-2-5 — тоннагӣ доранд. Бе чунин тарзи истифодабарии об аз ҷиҳати беҳдоштӣ (санитарӣ) ғайриқобили қабул бошад ҳам, чӣ илоҷ? Худ аз худ маълум, ки як муддат нигоҳ доштани об бо чунин усул ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад.

Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳр корхонаҳои кешбофӣ (трикотаж) ва ҷӯроббофӣ амал мекард, ки дар онҳо то 5 ҳазор занону духтарони хонаншин бо кор таъмин буданд. Имрӯзҳо бошад, аз набудани ҷои кор ҳамаи онҳо бозорнишин шудаанд. То ҳанӯз ягонтои ин корхонаҳо таҷдиду эҳё нашудаанд ва чунин ҳолат то кай давом мекунад, маълум нест. Сари ин масъала аз тарафи мақомоти ҷумҳурӣ ва вилоятӣ таваҷҷуҳ зоҳир намегардад. Маҳсулоте, ки собиқ дар ин корхонаҳо истеҳсол мекарданд, ҳоло аз хориҷи кишвар ворид мешаванд.

 Чӣ ҳол дорӣ, бозори Истравшан?

Ҳоло  ягона манбаи рӯзгузаронӣ ва таъмини оилаҳо бозори шаҳр аст. Яъне, бозори номдори “Истаравшан”. Бозори ин ҷо солҳои шӯравӣ ҳам бо шукӯҳу шаҳомати худ ном бароварда буд. Дар рӯзҳои шанбею якшанбе ба бозор аз шаҳру навиҳои кишвари ҳамсоя, аз ҷумла шаҳрҳои Тошканд, Бухорову Самарқанд, Ҷиззаху Қаршӣ, Гулистону  Ховос ва ҳатто аз Қазоқистон ҳам харидорон меомаданд. Сабаб дар бозори Истаравшан баъзе молу маҳсулоти ғизоӣ нисбатан арзону фаровонтар буданд. Дар хотир дорам солҳои ноамнию даргириҳои дохилӣ бозор аз соати 12 шаб кори хариду фурӯшро оғоз мекард. Ба бебарқии ҳамонвақта нигоҳ накарда, тоҷирон шамъ ва чароғу фонус даргиронда, савдо мекарданд. Харидорон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи ҷануби кишвар омада, мошин –мошин ашёву колои гуногун мебурданд. Тиҷорат ба арши аъло расида буд.

Бозор аз чор самти дарвоза ва растаҳои зиё дорад. Аз ҷумла, растаҳои тармеваву хушкмева, биринҷфурӯшӣ, маҳсулоти ширӣ, нонфурӯшӣ, қаннодӣ, чойфурӯшӣ, қассобию гӯштфурӯшӣ, кабудӣ ва бозорҳои алоҳидаи маҳсулоти ғалладона, либосу пойафзол мавҷуданд.

Танҳо шумораи дӯконҳои гӯштфурӯшӣ ба 40 адад мерасад. Теъдоди нуқтаҳои хӯроки умумӣ то 50 ва аз он ҳам бештаранд. Аммо вазъи беҳдоштию покии бозор беҳбудиро тақозо дорад. Бозор давоми сол ягон рӯзи истироҳатӣ ва аз ҳама муҳимаш беҳдоштӣ (санитарӣ) надоранд. Дар ҳамаи иду ҷашнҳо боз аст. Кас гумон мекунад, ки бозори ин ҷо муддати як-ду рӯз баста шавад, шояд тамоми аҳолии шаҳр бекор ва бе обу нон мемонанд. Аз набудани рӯзҳои поку сафокорӣ бозор баъди фаро расидани бегоҳиҳо дар саҳни он мушу каламушҳо аз чуқуриву сурохиҳои ифлос сар бароварда, дар даву тозанд. Яъне, навбати бозори мушон мерасад гӯем, хато намекунем. Ҳатто ҳоҷатхонаҳояш оби равон надорад ва дастӣ аз сатилчаҳо об рехта мешавад. Ҳолатҳои бо хлор дизенфексиякунӣ низ ба чашм намерасад. Шояд хлорро ҳам фурӯшанд.

“Оби набот”-у “чиллагӣ”-и фаромӯшшуда

Истаравшан дар минтақаи истироҳатии бо боду ҳавои фараҳбахш ҷойгир аст. Асосан дар фаслҳои гармо-тобистону тирамоҳ ҳавои салқину формаш ба тану ҷони кас ҳаловат мебахшад. Хусусан дар фасли пурфайзи тирамоҳ бозори шаҳр моломоли меваҷоти ҳархела ва маҳсулоти  полезӣ мегардад. Ангури “Чиллагӣ”, “Амирӣ”-ву харбузаи “Оби набот” аз ҷиҳати таъму ширинии хосаш беҳамтост. Ин номгӯй маҳсулот танҳо ба иқлими ҳамин ҷойҳо хос аст. Истеъмол ва шикамсерӣ хӯрдани ангури чиллагиву харбузаи оби набот ба чандин бемориҳои батни инсон шифобахш буда, ягон доруву дармони тиббӣ ҷои онро намегирад. Баъзе табибон низ чунин фикрро тасдиқ кардаанд ва истеъмоли онҳоро тавсия медиҳанд.

Талабот ба ин навъ маҳсулоти ривоҷёфта сол аз сол афзоиш ёфта меравад ва бинобар ин нарху навояш боло рафта истодааст. Илоҷи он ҳар чӣ бештар васеъ кардани токзори ин навъи ангур ва полези харузаи оби набот шуда метавонад. Ба ақидаи истаравшниҳо, дар шаҳр вуҷуд доштани як корхонаи калони давлатӣ бо ҷойҳои кории бештар бояд арзи вуҷуд кунад, ё корхонаҳои аз замони шӯравӣ боқимонда таҷдиду эҳё карда шаванд. Азбаски Ҳукумати ҷумҳурӣ сиёсати саноатикунониро пеш гирифтааст, бунёд корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин шаҳрҳо ҳатмист.

Чунин шаҳрҳои қадимаю бостони мисли Истаравшану Панҷакент, Исфараву Конибодом ба ҳамин гуна корхонаҷот эҳтиёҷ доранд ва ин шаҳрҳо оиди ободу зебо гаштани худ аз сохторҳои ҳукумативу вилоятӣ набояд берун аз мадди назар монанд. Мақомоти вилояти Суғд баробари бунёди қатор-қатор корхонаҷот дар Хуҷанду шаҳрҳои атрофи он дар шаҳрҳои номбурда низ ягон-ягон корхонаҳо созад, то сокинони бекори он сари кор оянду ҷои бештари корӣ муҳайё гардад, зер ин амал боиси боз ҳам ғанӣ гардидани буҷаи шаҳрҳо мешавад.

Э. Камолзода,

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *