Мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳал шуд?
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.
Вохӯрии навбатӣ аз 20 ноябр то 26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд сурат гирифт.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҷонибҳо дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Қирғизистон баргузор мегардад, корҳоро оид ба тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон идома медиҳанд. Ҳайатҳои расмӣ дар анҷоми мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расонидаанд.
Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев низ масоили таъйини марзи муштаракро баррасӣ карданд. Онҳо ҳамраисҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ