Мушкилоти сарҳад ҳал шуд? Натиҷаи суҳбати рӯ ба рӯи Ятимов бо Тошиев
Рӯзи 29 –уми январ мулоқоти роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар: Қирғизистон — Қамчибек Тошиев ва Тоҷикистон — Саймумин Ятимов баргузор шуд.
Бино бар иттилои хабаргузори «Sputnik», ҷонибҳо пас аз вохӯрӣ, ки қариб се соат идома кард, изҳорот додаанд.
Аввалин шуда раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба сухан баромадааст. Мухтасар аз суханронии Саймумин Ятимов:
-куштаю захмиён ҳастанд, ин натиҷаи он аст, ки мушкили сарҳади давлатӣ ҳал нашудааст;
— масъалаҳоро дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ ҳал кардан лозим аст ва онҳо бояд дар асоси ризоияти тарафайн ва ифодаи иродаи тарафайн қабул карда шаванд;
— саркашӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва протоколҳои имзошуда боиси низоъ мегардад;
— ман бо Ташиев хеле муфассал суҳбат кардам, ҳамаи масъалаҳоро муҳокима кардем. Мувофиқат кардем, ки дар рафти гуфтушунид ҳуҷҷатҳои асосӣ ва натиҷаҳои кори комиссияҳо» дар назар доштан лозим аст.
Ба гуфтаи Ятимов, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талаботи протоколҳо бояд риоя шавад. Аз ҷумла, сухан дар бораи протоколи рақами 39 меравад. Пас аз ҳашт рӯз ҷонибҳо ба иҷрои ин протокол шурӯъ карда, аз рӯи бандҳои имзошудаи ин санад кор хоҳанд кард;
-пас аз ҳашт руз комиссияхои паритетӣ оид ба масъалаҳои топографй ва ҳуқуқӣ кор мекунанд. Ин кор барои ҳалли ҳама масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад пайваста анҷом дода мешавад;
-дар рузҳои наздик маҷлиси машваратй барпо мегардад, ки дар он кори комиссия муҳокима карда мешавад;
-ҳама масъалаҳо бояд дар заминаи дуҷониба, дар заминаи ҳуқуқӣ ва ба манфиати ду кишвар ҳал шаванд;
-даст фишурда, қавл додем, ки тамоми созишҳои байни раисони комиссияҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро иҷро кунанд.
Аз суханронии Тошиев
- вохӯрӣ наздики се соат давом кард;
- тасмим гирифта шуд, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марз аз сар гирифта шавад. Кори ин маҷлис ду моҳ пеш боздошта шуда буд;
- комиссия дар асоси протоколҳо, қонунҳо ва манфиатҳои ҳар ду давлат доимй кор мекунад.
Имрӯз ягон санад имзо нашуд, аммо Тошиев бовар дорад, ки «сухану дастфишурии мо амалӣ мешавад».
Ин дуюмин музокироти расмӣ барои ҳалли муноқишаи марзӣ дар ду рӯзи охир мебошад. Муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 –уми январ сар зад.
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб мубаддал гашт. Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ