Мушовири умури амниятии Трамп барканор шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп мушовири худ дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтонро аз мақом барканор кард. Дар ин бора Трамп дар Твиттер иттилоъ дод.

«Дишаб Болтонро огаҳ кардам, ки дар Кохи сафед ба хидмати ӯ дигар ниёз надоранд. Ман дар баробари кормандони дигари маъмурият бо бештари пешниҳодҳои ӯ розӣ набудам. Бинобар ин, аз вай хостам, ки истеъфо диҳад», — навишт президенти ИМА дар Твиттер.

Доналд Трамп афзуд, ки мушовири нави президенти ИМА дар умури амнияти миллиро ҳафтаи оянда эълом мекунад. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои барканории Болтон маълум нест.

Ҷон Болтон аз моҳи марти соли 2018 дар Кохи сафед кор мекард. Ӯ севумин мушовири Трамп дар умури амнияти миллӣ буд. Болтонро яке аз меъморони сиёсати сахти Трамп дар муносибат бо Эрон меномиданд. Вай борҳо бо дастури Трамп барои гуфтугӯ ба Русия рафта, бо раҳбарияти ин кишвар низ дидор кардааст.

Мушовири ҳамакнун пешини Трамп чанде пеш аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба ватан баргашта буд. Ӯ дар ҷараёни ин сафар бо раҳбарони Белорусу Украина ва раҳбарони Шӯроҳои амнияти милии ин кишварҳо, аз ҷумла Лаҳистон дидору гуфтугӯ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *