Муштариёни бонкҳои муфлисшуда пули худро мегиранд, аммо…
Муштариёни “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”, ду бонке, ки бо қарори Бонки миллӣ баста шуданд, имкон доранд, пасандозҳои худро бозпас бигиранд. Аммо ба онҳо танҳо то 17 500 сомонӣ, наздики ду ҳазор доллар пардохт мешавад. Агар ҳаҷми пасандозҳояшон аз ин миқдор зиёд бошад, муштариёнро зарур аст, бо мудирияти муваққатии бонкҳо суҳбат кунанд.
Муштариёни ин ду бонк метавонанд амонатҳои худро аз шӯъбаҳои “Амонатбонк” ва “Ориёнбонк” дарёфт кунанд.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”–ро, ки дучори мушкили молӣ шуда буданд, охири моҳи феврал баст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ