Мушти маргбори Фирдавс ба сари Абдувоҳид

Субҳи 28 август дар роҳи Душанбе — Хуҷанд байни Фирдавс Нуров ва Раззоқов Абдувоҳид дар пайи пеши роҳи мошини Раззоқовро гирифтани як «Опел” баҳси шадиде ба амал омада, ба занозанӣ печид. Нуров бо даст ба рӯи Раззоқов чунон сахт задааст, ки ӯ дар беморхона ба ҳалокат расид.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Нуров Фирдавс, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 28-уми августи соли 2017, тахминан соати 09:30-дақиқа, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Хуҷанд бо автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира”, таҳти идораи шаҳрванд Раҳмонов Субҳонқул Ҳусейнович, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Тагоби Хушекат, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, автомашинаи мазкур ба самти муқобили роҳи автомашинаи тамғаи «Шанхи”, таҳти идораи Раззоқов Абдувоҳид соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Айнӣ, баромадааст.
Дар натиҷа байни Нуров Ф. ва ронандаи автомашинаи «Шанхи” Раззоқов А. баҳсу мунозира ба амал омада, Нуров Ф. қасдан бо даст ба рӯи Раззоқов А. зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст, ки дар натиҷа номбурда санаи 29-уми августи соли равон аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *