Мушти марговар
Кормандони милитсиячорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 25-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Гумонбаршуда, санаи 18-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 19:00-дақиқа, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Бо рух додани чунин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ