Муштзанҳои тоҷик бо киҳо қувваозмоӣ мекунанд?
Имрӯз дар шаҳри Аммони Шоҳигарии Урдун мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс шуруъ мешавад ва то 11 март идома меёбад. Хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Гуфта мешавад, ки шоми дирӯз мароиси қуръакашии мусобиқа доир гашт ва муштзанҳои мо ҳарифонашонро дар даври аввал шинохтанд.
Тибқи иттилои манбаъ миёни мардон имрӯз – 3 март нахуст дар вазни 75кг Мирзомуҳаммад Бахтиёр бо варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинҷеа Ким, 4-уми март дар вазни -52кг Шуҳрат Сабзалиев бо варзишгари Муғулистон Енхмандах Хархуу, дар вазни -69кг Шералӣ Мамадалиев бо Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон, 5-уми март дар вазни -63кг Баҳодур Усмонов дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Арген Қодирбек уулу (Қирғизистон) / Санил Шаҳӣ (Непал), дар вазни -81кг Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон, 6 март дар вазни -91кг Давлат Болтаев бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7-уми март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг ҳарб мекунанд.
Миёни бонувон 4-уми март дар вазни -57кг Миҷгона Самадова дар даври дуюм бо Ский Николсон аз Австралия, дар вазни -60кг Шоира Зулқайнарова дар даври аввал бо Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ, 6-уми март дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд, 7-уми март дар вазни -51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун нерӯ месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд.
Тибқи низомнома дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ