Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов роҳхати Бозиҳои Олимпиро ба даст оварда натавонист

Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Тайланд аз Айдер Абдураимови украинӣ бо ҳисоби 0 бар 5 мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Дар ин бораи сомонаи “Варзиш ТВ” хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ,  Воҳидов дар ду мусобиқаи интихобӣ наздик буд то роҳхатро ба даст орад, аммо дар лаҳзаҳои охир ба бохт рӯ ба рӯ шуд.

Бояд гуфт, ки Асрор Воҳидов дар даври аввал бо ҳисоби 5:0 муқобили намояндаи Мали — Абдул Карим ва дар даври дуюм бошад, бар намояндаи Косово — Башким Боҷоку бо ҳисоби 5:0 пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа 578 муштзан аз 132 давлати дунё барои 51 роҳхати олимпӣ талош

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *