Муштзани тоҷик Давлат Болтаев ба нимфинал баромад
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпии шаҳри Париж дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Давлат Болтаеви 25-сола, ки дар аввалин рақобаташ дар вазни то 92 кило бар Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд, шаби дуюми август (ба вақти Душанбе) дар даври чорякниҳоӣ Ҷек Марлейи 21-соларо аз Ирландия бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба нимфинал баромад.
Дар назар аст, ки Давлат Болтаев 4-уми август, соати 20:38 бо вақти Душанбе дар даври ниманиҳоӣ бо муштзани Узбекистон Лазизбек Муллоҷонови 25-сола рақобат мекунад. Муллоҷонов дар чорякфинал бар Кено Марлей Мачадои бразилӣ бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ