Мусибати ҷаҳонӣ: 216 000 кӯдак мавриди озори ҷинсии 3200 рӯҳонӣ

Аз соли 1950 то ба имрӯз беш аз 3200 рӯҳонӣ дар Калисои Католикӣ зиёда 216 000 кӯдак ва аксаран писаронро мавриди таҷовуз ва озори ҷинсӣ қарор додаанд. Дар ин бора Комиссияи махсуси ҳукумати Фарноса ба BBC хабар дод…

Талаби ҷабрдидагон

Жан Рене, Жан Франсуа ва Ҷозеф, сокинони Фаронса, тақрибан даҳсола будаанд, ки озори ҷинсиашон аз ҷониби рӯҳниён оғоз ёфт. Рӯҳониёни мадрасаи Шаване Пайлерс пайваста шогирдони навраси худро суистифодаи ҷинсӣ мекардаанд.

«Ҳар вақте мехостанд, ба назди мо меомаданд ва мегуфтанд, ман туро муддати зиёд аст, надидам ва моро ба утоқҳояшон мебурданд…», — нақл кард Жан Франсуа ба RFE/RL.

Жан Рене, ҷабрдидаи дигар, мегӯяд, “вақте рӯҳоние дар ягон мадраса ва калисо расвоӣ мекард, ӯро ба калисои дигар мефиристоданд ва ӯ айни ин корро дар ин ҷо такрор мекард.”

Феълан, ҷабрдидагон, ки аз озору азияти ҷинсӣ зарар дидаанд, дар Фаронса талаб доранд, ки дар Калисои Католикӣ ислоҳоти куллӣ  сурат бигирад, то дигарбора ба суистифодаи ҷинсии наврасон роҳ дода нашавад. Пештар аз ин як Комиссияи махсуси Фаронса дар ин маврид таҳқиқи фарогир нашр карда буд, ки натиҷаи онро дар боло овардем.

Попи Рум: Ин шармандагист!

Попи Рум озори ҷинсии кӯдаконро «дард ва шармандагӣ» номид.

“Ман аз ранҷу осебе, ки ҷабрдидагон кашидаанд, ғамноку андӯҳгинам. Ман шармсорам. Мо ва ман шармсорем, ки калисо муддати дароз натавонист, ба онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ кунад. Ман аз Худованд талаби бахшиш мекунам” – гуфт, пешвои католикҳои ҷаҳон, ҳафтаи гузашта ба нашрияи католикии National Catholic Register.

Номбурда, ҳамчунин, зикр кард, ки талош мекунад, ин шармандагиро аз номи калисо пок созад.

Жан Марк Саве, раиси Комиссияи таҳқиқӣ озори ҷинсиро дар калисо як амали маъмулӣ унвон кард ва нисбат ба чунин амал “беэътиноӣ, кӯтаҳӣ, сукут, пинҳонкории васеъ”-ро дар калисо “мисли қоида” хонд.

Мусибати ҷаҳонӣ

Бар асоси қонунҳои Фаронса, муҳлати ҷазо додани гунаҳкорон барои ҷиноятҳои қадима гузаштааст. Комиссияи махсус аз калисо ислоҳоти куллӣ талаб мекунад.

Амис Пелис де Ру, мудири созмони Садои Католикҳо дар Фаронса, мегӯяд, “ба андешаи ман, то замоне ки як парванда мондааст, як дарранда, як ҷабрдида мондааст, бояд корро идома дод. Поп Франсис ба назари ман тағйиротро шуруъ кард.»

Воқеан, чанде пеш Поп Франсис, роҳбари католикҳои ҷаҳон, озори ҷинсиро дар Калисои Католикӣ “мусибати ҷаҳонӣ” номид ва қонунҳои калисои Католикро тағйир дод ва озори ҷинсиро ҷиноят ҳисобид, вале то кадом андоза ин ташаббусҳо пеши роҳи амалкардҳои номатлуби рӯҳониёнро мегирад, маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *