Мусоҳибаи номатбӯъ бо устод Лоиқ
Ин мусоҳибаро нависандаи хушқареҳа, ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юнус Юсуфӣ дар саҳифаи фейсбукии худ гузоштааст ва зоҳиран он ҳанӯз ҷое ба нашр нарасидааст. Сомонаи http://tajikistantimes.com онро бознашр мекунад.
Лоиқ Шералӣ:
“Сарфу наҳве ки дорем, ба дард намехурад…”
Устод Лоиқро ба депутати Шўрои Олии СССР рўзномаи “Зарафшон”-и шаҳри Панҷекат пешниҳод карда буд. Дигар ҳар бор ки ба ин шаҳр меомад, қадами аввал ба “Зарафшон” медаромад ва ҳамеша дар дафтари кори сардабири рўзнома Луқмони Қурбон гуфтугўю сўҳбатҳои гарму дароз ороста мешуд. Шахсияту сўҳбати ў кашишу гармии вежа дошт, чун расиданаш овоза мешуд, одамони зиёд хоҳиши дидорбинӣ мекарданд ва аз раиси комиҷроияву дигар мансабдорони корхонаю муассисаҳо низ ба идораи рўзнома меомаданд ва гоҳе то нимашабон он ҷо мемонданд, зеро устод гирди дегу тбақи ҳукумат гаштанро хуш надошт. Тирамоҳони соли 1990 ҳамин гуна як сўҳбатро ман садобардорӣ карда будам. Ва инак дидам масъалаҳое ки дар ун нишаст перомунашон гуфтугў мерафт, имрўз низ ҳастанд, аз миён нарафтаанд, ҳал нагаштаанд, арчанд аз он замон қариб си сол гузаштааст. Дар он миён сухан аз эълони озмуни Мавлавӣ барои набиштани сарфу нахви забони тоҷикӣ низ ҳаст. Ҳоли забони тоҷикӣ имрўз беҳтар аз си соли пеш нест ва шояд акнун яке тавонад, ки даст ба ин кор занад ва саранҷом сарфу наҳви забонамонро бинависад. Он сўҳбате буд озод, ки ҳар кас хостаҳои дилашро мегуфту аз дигаронро мешунид. Ман онро андак ба назм овардам ва бахшҳоеро гирифтам, ки ба пиндорам барои хонандаи имрўз низ муфиданд. Инак мухтасари он гуфтугў.
-Боздид аз зодгоҳ албата эҳсосу андешаҳое бабор меорад ва рухдодҳоеро аз даврони ҷавонӣ ба саҳнаи ёдатон мебарорад.
-Аз дидори зодгоҳ, аз дидори ин диёр ҳамеша шодам, зеро овози мо аз ҳамин ҷо баланд шудааст. Пеш аз ҳама модарам ва деҳаи Мазор ва мактаби Мазор ва омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷекат ба ёдам меояд, ки солҳои беғ убори бачиагиам ин ҷо гузаштааст ва шояд ҳамон солҳо тору пуди шеър дар вуҷуди ман бофта шуда бошад ва шеърҳое ҳам дар ин бора гуфтаам. Шояд махсус Мазор нагуфта бошам, Панҷекат нагуфта бошам, аммо Зарафшон гуфтаам, Тоҷикистон гуфтаам; ин мафҳумҳо тавъам ҳастанд, ба маънии фарохтари Ватан. Гоҳе ҳамдиёрон аз ман мепурсанд, ки чаро дар бораи Мазор ягон шеър надорӣ? Ман ҷо-ҷо ишораҳо кардаам, махсусан дар шеърҳое ки ба модарам бахшидаам Шахи Осиё ҳаст, Чилмеҳроб ҳаст, Ҷангали Лайлӣ ҳаст, ки бисёр номҳои зебоянд. Масалан намедонам чаро ҷангали Лайлӣ ном кардаанд. Ҷоҳое ки пойи лучу сари луч мегаштем, барабонӣ мекардем, гиёҳҳои ваҳшӣ мечидем, решаи бутаву бодоми кўҳро барои ранг кардани пўсти гов, ки падарам чарм месохтанд ва барои мову барои худашон чорух медўхтанд. Қисмати бачагии ман чандон ширин набуд, талху шўри зиёд дошт. Падару модарам тахмин аз ёздаҳсолагии ман азҳам ҷудо шуданд, мо панҷ нафар дар хокистартўдаи модар мондем. Ва ҳамин модарам моро калон карданд ва он гоҳ ки дар омўзишгоҳ мехондем, ҳар ҳафта нон мефиристоданд, ба дасти бозоракиҳо; ҳафт нон барои ду кас, барои ману бародарам Шариф. Ва баъзан, ки ба қишлоқ мерафтем, модарам мепурсиданд: фалон одам чанд нон бурд? Мегуфтем: ҳафт нон. Мегуфтанд: хуб одами баинсоф будааст. Навбати дигар шаш нон меомад. Мепурсиданд, ки фалонӣ чанд нон бурд? Мегуфтем: шашто. Одам ноинсоф будааст, як нона дар роҳ хўрдааст, мегуфтанд. Ун солҳо солҳои камнонӣ буданд, солҳои 53-54-55. Ин хотираҳо ҳамеша ҳамроҳи мананд, аз ёдам намераванд ва дар шеърҳои пурсўзе, ки ба мадорам бахшидаам, омадаанд. Ҳамбастагии миёни ману деҳаам он аст, ки хуни нофам он ҷо рехтааст, аз ин бештар ҳамбастагӣ наметавонад буд. Дар резаборон, ки нисфаш чоп шудаасту нисфаш ҳоло не, як дубайтӣ ҳаст, ки ба назарам бисёр самимӣ мебошад ва муҳаббати маро ба зодгоҳам, ба Мазори Шариф баён мекунад:
Ба сўи ҷангали Лайлӣ нигоҳам,
Зи кўҳи Осиё бошад паноҳам,
Номоз орам ба Чилмеҳробат аз дур,
Ало эй зодгоҳам, додгоҳам.
-Шумо тоза аз сафари Эрон баргаштед. Андак аз дидаву шунидаҳоятон бигўед.
-Таассуроти ман аз сафари Эрон он гуна фароху пургунҷоиш аст, ки наметавонам дар як сўҳбат ҳамаашро бигўям. Ва ин қадар мегўям, ки аз дару девори Эрон, аз кўчаву хиёбонҳои Эрон, аз набиштаҳои пештоқи мадрасаҳо, аз гулдастаҳои коху мақбараҳои Эрон нури имон, нури Илоҳӣ меборад. Эрон кишварест, ки зиндагӣ он ҷо бисёр муназзаму мураттабу серу пур аст ва хусусан парастиши китоб дар Эрон ончунон аст, ки мегўед модар кўдакаша парпеч кардаву аз боду борон паноҳ медорад. Китобро ин гуна мепарастанд ва ба китоб чун ба меҳроб саҷда мекунанд. Ва он ки мегўянд шеъри имрўзи Эрон аз шеъри тоҷик пояи баландтаре дорад, дар ҳама маврид ман розӣ намешавам. Дар Эрони имрўз ду ҷараёни шеър роиҷ аст; яке шеъри Нимоӣ, яъне шеъре, ки аз Нимо оғ оз шудааст ва бе вазну қофияву гоҳе ба наср монанд аст, насри мусаҷҷаъ, дигар шеъри суннатӣ; шеъри Ҳофиз, шеъри Саъдӣ, шеъри Мавлавӣ бо ҳамон авзони арўз ва албата бо мўҳтаво ва воқеияти зиндагии имрўз. Аз назари санъат, аз назари забон , аз назари парвози сухан, аз назари пероя ва ороиши сухан воқеан шеъри Эрон баланд аст ва мо ки забонамон хеле махлут шуда ва дар бисёр мавридҳо забони тарҷумавӣ аст, яъне бисёр мафҳумҳо, ибоарҳо ва истилоҳҳоро аз русӣ ё аз калимаҳои интернатсионалӣ мегирему тоҷикӣ месозем, монанди “раҳмати калон”, ба ҷои “ташаккур” ё “сипосгузорам” ё “ба шумо муваффақиятҳои калон орзу мекунем”, ба ҷои “тавфиқ ёратон бод”, “Худо тавфиқ диҳад”, ки ҳазор сол роиҷ буд. Масалан мактубҳои Ҷомиро агар хонед, дар охир тавфиқ ёратон бод мегўяд. Яъне мо аз заминаи суннатии забонамон, аз ҳавзаи табии он берун омадем ва бисёр чизҳоямон сохтаанд, ҳатто дар шеърамон низ баъзе таркибҳо сохта, сунъӣ ва гўшхарош ҳастанд. Аз ин назар шеъри Эрон баланд аст, аммо дар ҳар ҷое ки шеър бунёди умумибашарӣ дорад, яъне аз парастиши инсону имону покиву ростӣ мегўяд, хоҳ дар Тоҷикистон, хоҳ дар Эрону Афғ онистон, дар як поя аст. Шеърҳое ки мо дар бораи иҷрои пилону говҷўшу пахтаю монанди инҳо дорем, дар Эрон қабул нест, ин гуна шеърро он ҷо таҳаммул намекунанд.
-Он ҷо бо донишҷўён низ сўҳбатҳое доштаед. Сатҳи донишу шеърфаҳмии онҳоро чи гуна ёфтед?
-Вохўрии мо бо донишҷўёни риштаи тиб буд, дар рўзи ҷашни донишҷў; ҳамин гуна як ҷашне доранд онҳо. Мардуми Эрон ҳама, дар кадом риштае ки фаъолият надошта бошанд, аз шеъру шоирӣ огоҳанд, ҳар кадом барои сухана оро додан, муаттар кардан чанд байт мегўянд. Унҷо байни худашон шеърхонӣ буд, ҳар ҷо ки як байти хуб меомад, мардум кафкўбӣ мекарданд; онҳо сухани нағ зу каломи хуба аз ҳаво дошгта мегиранд, фурў мебаранд. Чун фурсат кам буд, ман як-ду ғ азал хондам, бисёр хуш истиқбол карданд. Баъзешон бовар надоранд, ки дар Осиёи Миёна забони форсӣ боқӣ мондааст, онҳо меангоранд, ки мо ин забона омўхтаем, албата олимо хабар доранд, аммо саросари мардуми Эрон намедонанд, ки Тоҷикистон ҳасту мардумаш форсизабонанд. Ҳатто дар баъзе ҷоҳо мегуфтанд, ки ту ба ҳамон тоҷикии худатон сўҳбат кун, то бубинем забонатон чи гуна аст. Дар донишгоҳи Машҳад бахшида ба ҳазораи тадвини Шоҳнома як маҳфил шуд, ман он ҷо як шеър хондам аз силсилаи Илҳом аз Шоҳнома, хуб истиқбол карданд. Чанд ҷо хостем бо шоирони имрўзеш рўбарў ошно шавем, аммо сўҳбат барқарор нашуд. Дар Шероз низ сўхбат доштем, онҳо маҳфилои калон барпо намекунанд, 20-30 кас ҷамъ мешаванду шеърхонӣ мекунанд, баъзан 10-12 нафар низ. Маҳфилҳои хеле хуб мешавад. Шеърҳои мана дар маҷаллаи “Адабистон” чоп карданд, дар рўзномаи “Зани рўз” низ шеъри “Дару девори ҷаҳон, дару девори зан аст”-ро. Эрон мактаби шеъру фарҳанг, мактаби маънавиёт буданаша аз даст надодааст, дар тамоми тўли таърих. Ва дар ин ҳафтод соле ки бегонагӣ дар миёни мо омад, риштаҳо он ҷо қатъ нашудааст. Яъне муҳиташ ки пок аст, қадри сухан чи гуна ки дар замони Ҳофиз буд, ҳамонро нигоҳ доштааст, ҳамун анъана давом дорад. Дар мо сухан хор шуд, баъзан замона хор кард, баъзан худамон хор кардем. Шеъри олиро фаромўш кардем ва ба шеърҳои бисёр содаи сарироҳӣ, ба қавли устод Айнӣ ба гапҳои нўкиостинию нўкирўмолӣ рў овардем, ки дар пеши забон тайёр аст, ҳар дам гуфтан мешавад, аммо шеъри олиро ҳар лаҳзаю ҳар соат гуфтан намешавад. Баъзан замона ба гуфтани чунин шеърҳо ночор мекард моро…
-Чаро имрўз зиёиву дехқону коргари тоҷик шеъри Саноию Аттору Бедилро хондаю фаҳмида наметавонад?
-Баростӣ ин айби замон буд, вақте ки мо хати бобоиро ҳамчун алифбои қафомонда, ки гўё барои саводнок шудани мардум мусоидат намекунад, иваз кардем, (ман мегўям, ки ин хатои таърихӣ буд), мардум аз асли худ, аз сарчашма канда шуданд, монанди он ки кўдак аз синаи модар ва оҳиста-оҳиста бегонагӣ миёни осори шоиру мардум ба вуҷуд омад; бегонагии акидатӣ ва хаттӣ. Пештар дар мактабҳо Ҳофизу Бедил мехонданд ё маҳфилҳои Ҳофизхонию Бедилхонӣ буд, махсус касоне буданд, ки Бедила тафсир мекарданд; аз қабили Зуфархони Ҷавҳарӣ дар Уротеппа, устод Айнӣ, Тамъид дар Самарқанд, Туғрали Аҳрории Самарқндӣ. Инҳо аз мактаби Бедил баромада буданд. Ва Саноию Атторро ҳамчун шоирони маслакӣ ва мазҳабӣ мехонданд, яъне ба хотири мўҳтавиёти исломиаш. Воқеан инҳо шайхони бузург, пирони тариқат буданд, мисли як доҳӣ; ҳарфи инҳо ҳарф буд барои мардум. Мардум ба инҳо этиқод доштанд, имон меоварданд. Ва китоби онҳоро имрўз деҳқони тоҷик хонда наметонад, чун хонда наметонад, шарҳашам намедонад ё донишманде нест, ки пеши вай раваду маънии як байта аз ў бипурсад; ин тур як донишманд нест. Албата аз Бедилу Ҳофиз байтҳои парешоне медонанд, аммо бисёраш сарсарӣ аст, дарунмояи шеъри Ҳофиз тамоман дигар аст.
Чи қадар шарҳу бастҳои девони Ҳофиз ҳаст, шарҳи Мавлавӣ ҳаст, шарҳи Саъдӣ ҳаст, шарҳу тафсирҳои зиёде ҳастанд, ки мо аз онҳо бехабарем. Як байти Ҳофиз масалан, ки “доми тазвир макун чун дигарон Қуронро ё чун дагарон Қуронро.” Мо инро бояд аз тафсирҳо биҷўем, ки чи гуна хонда мешавад. Бинобар ин, ба гумони ман роҳи бозгашт ба маънавиёти ҳазорсолаамон ин аст, ки оҳиста-оҳиста ба омўхтани алифбои ниёгон дар саросари ҷумҳурӣ шароит фароҳам оварда шавад, то пули шикастаи миёни ҳафтод сол ва ҳазор сол аз нав таъмир гардад ва мардум бидуни душвор аз ин пул гузашта тавонанд. Инам замон мехоҳад, вақт мехоҳад, яку якбора дар давоми ду-се сол ин кора кардан намешавад. Аммо аз пайи кор будан лозим аст. Тавре мегўянд, дил ба ёру даст ба кор бояд буд.
-Мунаққиде гуфтааст, ки агар устод баъзе шеърҳошона месўхтанду баъд девонашона тартиб медоданд, кори хуб мешуд.
-Ин гапа ман бисёр мешунавам. Шеърҳои ман ҳоло барои он ки аз унҳо девон созем, арзанда нестанд. Лекин ман нуқсонҳои шеъри худама аз ҳар мунаққид беҳтар медонам. Масалан ҳамун шеърҳои мавзўӣ, шеърҳои мавсимӣ, ки боло зикрашон рафт, сазовари девон нестанд, ҳатто сазовори куллиёт нестанд. Аз қабили шеъри “Меҳвари дунё”-ву дигар, ки як вақт муҳит ин гуна шеърҳоро тақозо дошт. Лекин ба назари ман шоир шеъреро, ки дар замони ҷавониаш ё камтаҷрибагиаш гуфта бошад, набояд дар синни камолот таҳрир кунад, дигар кунад, чунон ки як вақтҳо ҳангоми танқиди шахспарастӣ одамон дар шеърҳошон ба ҷои Сталин партия монданд ё номи ўро хат заданд. Ин гуна шеърҳоро таҳрир кардан дуруст нест, бигзор моли таърих бошад он, як вақт аз рўи ин шеърҳо ҷаҳонбинии шоир, ҳоли шоир дар як пораи муайяни замону муҳити маълум ақидаи ў, мавзеъгирии ў дар ун давра муайян карда мешавад. Ин шеърҳо дар куллиёту девон дохил нашаванд ҳам, бояд дар архиви шоир бошанд. Аз баҳри онҳо гузаштан намешавад, вай моли шумо аст ва ба номи шумо дар таърих сабт шудааст. Ин монанди он аст, ки одам дар ҳар пораи муайяни таърих назари худаша дигар мекунад, мазеъгирии худаша дигар мекунад, ҳол он ки ун шеър як пора эхсоси ин ё он гўянда дар ҳамон мавриди таърих аст. Аммо агар зарурат пеш ояду ман куллиётама тартиб диҳам, ҳозир астам аз баҳри бисёр шеърҳоям бигзарам. Онҳо сазовори дохил шудан ба куллиёт нестанд. Аммо тамоман мункир намешавам.
-Чунин ба назар мерасад, ки пас аз модарномаи шумо шоирони мо рў ба кўи модар оварданд, дар ин бора шеъргўиро расм карданд.
-Ман хаёл намекунам, ки баъди шеърҳои модарномаи ман мардум модарашона ба ёд оварда бошанд. Ҳар кас зодгоҳи худ, хонаи худ, падару модари худ ва ҳавзаи бавоярасии худа ҳамеша ба ёдаш меорад. Ман низ силсилаи шеърҳои модарномаро аз ҳаво нагирифтаам, балки пас аз хондани шеърҳои Эраҷ Мирзо, Саъдӣ, ки низ чанд қитаи зебо дар бораи модар дорад, устод Турусунзода ва шоирони дигар навиштаам. Албата як хусусияти чанд шеъри ман ин аст, ки маҳз рўҳу равони модари тоҷик он ҷо ифода шудааст ва арзишҳое низ ҳастанд, ки ба ҳама модарон таалуқ дорад ва ҳар кас ягон нишонаи модари худаша ун ҷо пайдо карда метавонад. Ва дар боари вазъи иҷтимоии модари тоҷик ман бисёр шеърҳо гуфтаам, аз қабили “Зарафшон модари зорам”, “Ту озодӣ магар, эй зан”, ки он ҷо байте ҳаст “Ба ҳолат зор менолам, Зарафшон, модари зорам, ки сартопо зар астию ба як зарра зарат зорам.” Ишора мешавад, ки агар ҳоли модар чунин бошад, дар оянда Рўдакию Туғ рал ба дунё намеоянд, зеро коми кўдакон бо заҳри тамоку бардошта мешавад, на бо шаҳди сухан. Дар масъалаи тамоку ҳам, ки дар матбуот бисёр сухан рафт, ду нуқтаи назар ҳаст, ки мехоҳам ин ҷо бигўям; махсусан баъди он, ки нархи тамоку баланд рафт, мардум мехоҳанд кишт кунанд. Ман дар барномаи пешазинтихоботиам ваъда дода будам, ки барои кам кардани тамоку дар водии Зарафшон кўшиш мекунам. Дар дасти ман ҳуҷҷате ҳаст аз сўи Шўрои Вазирон, ки бино бар он то соли 94 кишти тамоку дар Зарафшон кам карда мешавад. Аммо ба ҷои тамоку чи кишт мекунанд, ҳанўз маълум нест. Воқеан мо бояд биандешем, ки ба ҷои тамоку чи бояд бикорем то вазъи модии мардум беҳтар шавад, зеро имрўза нони онҳо аз пушти тамоку аст. Аммо агар шароити меҳнат барои кўдакону модарон дуруст карда шавад, яъне агар монанди инсон кору истироҳат кунанд, шояд зарари тамоку камтар шавад. Комилан бардоштани тамоку дар ин солҳои наздик ба назар намерасад. Аҳволи пахтакорон низ беҳтар аз тамокукорон нест, аҳволи модарони серфарзанд низ. Ин масъала бояд дар сартосари ҷумҳурӣ ҳал карда шавад; дар як деҳа ё ноҳия ҳал кардани масъала ҳанўз ҳалли масъала нест. Дар Помир низ тамоку мекоранд ва ҳол чунин аст.
-Кори Бунёди забон дар ин рўзҳо чи гуна аст? Дар роҳи татбиқи Қонуни забон чи чораҳо меандешад?
-Ман дар рўзномаи “Садои мардум” дар хусуси кори Бунёди забон як тазаккурот додаам. Мардум гумон мекунанд, ки ҳама кори Қонуни забон ва татбиқи онро гўё Бунёди забон мекарда бошад. Бунёди забон як созмони мардумӣ аст, ки дуним миллион пул дорад. Ба дуним миллион як мактаб сохтан мумкин аст. Як мактаби хуб месозед, аммо бо ҳамин Бунёди забонам нест, пулашам Аллоҳу акбар. Бунёди забон як ташкилоти имдодгар аст ва Шўрои Вазирон барои татбиқ кардани Қонуни забон масъул аст. Тамоми масъулияти Қонуни забона ба дўши Бунёди забон гузоштан хуб нест, аммо мо кўшиш мекунем, ки пули халқа ба худаш баргардонем. Чанд китоби луғ ат, чанд китби дарсӣ дар нақша дорем, аммо ҳоло ҷои чоп надорем. Ва чунон ки медонед, мукофоти Мавлавӣ таъсис кардем, ҳар касе зўр бошад, ба майдон барояд, сарфу наҳви тоҷикӣ нависад ва ин мукофота бигирад. Мо то ҳол сарфу наҳви ҳақиқии тоҷикӣ, ки тавонад сиришти забони тоҷикиро дар тўли тамоми таърих ифода кунад, надорем. Сарфу наҳве ки дорем, он қадар ба дард намехурад, зеро, чуноне гуфтам, аз қолаби русӣ мегиранду баъд ҷумлаи тоҷикӣ месозанд. Яъне аз заминаи таърихии забоншиносии форсиву тоҷикӣ дур аст. Ё як китобе барои кўдакистонҳо нест, ки мураббӣ аз рўи он кўдака тарбият кунад, дар зинаҳои муайян. Ин гуна китоб надорем. Шояд бо баҳонаи озмуни Мавлавӣ як дастуре барои кўдакистонҳо низ пайдо шавад. Вақте ки дар Эрон будам, бо китобхонаи Миллии Эрон, бо ҳавзаи таблиғ и ҳунарҳои исломӣ қарордоҳои расмӣ имзо кардем, барои софкории забони тоҷикӣ-форсӣ, барои чопи китобҳои дарсии дабистону донишгоҳ, луғ атҳои соҳавӣ, ки бояд олимони тоҷику эронӣ бо ҳамдастӣ ин корҳоро сомон диҳанд. Барои наздиктар шудани мардуми Тоҷикистону Эрону Афғ онистону Покистон, ки соҳиби як забон ҳастанд. Агар дар ҷумҳурии худамон як чопхонаи замонӣ бо ҳамун сомонолоти сатҳи ҷаҳонӣ бисозем, метавонем худ мустақиман китоб чоп кунем ва имсол ният дорем оғ оз аз рўзи 22 июл, рўзи ҷашни забон рўзномаи худро дошта бошем бо номи “Сомон.” Рўзномае, ки нашрияи махсуси Бунёди забон мешавад ва барои татбиқи Қонуни забон ва тамоми риштаҳо, махсусан риштаҳои дафтардорӣ ва коргузориву иттилоот корҳоеро ба сомон мерасонад. Хушбахтона дар назди Академияи улум кумитаи истилоҳт сохта шуд, ки даҳ нафар кор мекунанд ва се нафарашон аз Бунёди забон моҳона мегиранд ва ун ҳам як соҳаи бисёр вазнин ва пуршарафи татбиқи Қонуни забон аст ва то истилоҳот кор нахурад ва якрангӣ дар истилоҳоти мо пайдо нашавад, Конуни забона ҷорӣ кардан наметонем. Як кас адрес мегўяд, дигаре нишонию суроғ а мегўяд ва намедонем кадомаш дуруст аст. Истилоҳ бояд як калима бошад. Ба ўхдаи кумитаи истилоҳот вазифаи бисёр сангин бор шудааст.
-Депутату сиёсатмадор будан барои эҷодкор душвор нест?
-Зимнан ман аз идораи рўзномаи Зарафшон сипосгузорам, ки маро пешниҳод кард ва ин рўзнома барои ман ҳақи муаллимӣ ҳам дорад, зеро дар солҳое ки дар омўзишгоҳ мехондам, хабарҳои кўтоҳи ман дар сафҳаҳои он чоп шудааст. Хабарҳое ки 6-7 сатр буд, аммо чоп шудани он дар рўзномаи Зарафшон барои донишҷўи курси як ё ду мояи ифтихор буд. Ташаккур ба шумоён, аммо ман ун вақт гумон намекардам, ки кори депутатӣ ин андоза сангину вазнин аст. Зеро бисёр масъалаҳое, ки дар ин ду сол пайдо шуданд, аз қабили ҷанҷоли байни районҳову қишлоқҳову колхозҳову ҳатто байни мактабҳо дар он солҳо набуданд. Чанд ваъдае ки пеш аз интихобот дода будам, яке обод кардани мақбараи Рўдақӣ буд. Имрўз низ мегўям, ки макбари Рўдакӣ сазовари шаҳомату бузургии ў бояд бошад, мисли макбарари Хайём дар Нишопур, мисли мақбари Ҳофиз дар Шероз, мисли мақбараи Фирдавсӣ дар Тўс. Аммо ин кор замон мехоҳад, алҳол бояд таъмир карда шавад. Дигар ваъда ин буд, чи кор кунем, ки ёдгориҳои таърихие ки аз ковишҳои бостонӣ берун меоянд, нобуд нашаванд. Бо Маршак ва Исҳоқов дар комиҷроия сўҳбат доштем ва аз чи гуна рўпўш кардани баъзе ёдгориҳои асосӣ, ҳамаи онро намешавад рўпўш кард, назди ҳукумати маҳал масъала гузоштем. Онҳо бояд лоиҳа пешниҳод кунанд ва ман дар назди Шўои Вазирон масъала гузорам. Окурги интихоботии ман ноҳияҳои зиёдро дарбар мегирад, ки ун ҷо низ бояд корҳое карда шавад. Ҳамин дирўз дар деҳаи Зерободи Айнӣ як пули хубе ба истифода дода шуд. Ман намегўям, ки ун пула ман сохтам, аммо ҳарчи аз дастам меомад, ёрӣ додам. Барои тавлудхонае, ки дар ноҳияи Айнӣ сохта шуд, як дастгоҳи ҷопонии ташхискунанда бо номи Олимпус аз Вазорати тандурустии Шўравӣ рўёндаму овардам, яъне фиристодам. Дар назди Шўрои Вазирон барои ҷашни 2500 солагии Уротеппа масъала гузоштам, ҳамчунин барои сохтани лоиҳаи тунеле, ки оби Зарафшона ба сўи даштҳои Ғ ончиву Уротеппа мебарад. Инҳо масъалаҳои ҷиддианд ва аз сўи ҳукумат бояд ҳал шаванд. Барои шоир, барои эҷодкор депутатӣ бисёр душвор будааст, хусусан барои ман, ки аз илми иқтисоду адлия дур будам, ҳоло низ бисёр масъалаҳоро дуруст намефаҳмам ва маҷбур мешавам шеъра як тараф гузораму қонун омўзам. Аз ҳама мушкил, ҷавоб ба мактубҳои мардум аз боби бекорӣ, беадолатӣ, вазъи бади иқтисод аст, ки депутат бо сари танҳояш наметавонад ба он ҷавоб диҳад ва маҷбур аст мушт ба дари ҳукумат занад. Аммо ҷавоби дуруст гирифтан намешавад, зеро вазъи иқтисод дар тамоми кишвар хароб аст, масъалаи ҳуқуқ низ инчунин. Мегўем, ки мамлакати ҳуқуқбунёд месозем, аммо ҳанўз, ки месозем. Ба ҳар ҳол ман мекўшам, ваъдаҳое ки дода будам, то ҷое метавонам иҷро кунам, зеро депутат бояд барномаи пешазинтихоботеша иҷро кунад.
-Бисёр китобҳо, аз ҷумла китобҳои шумо низ ба теъдоди кам чоп мешаванд, ба ҳама намерасанд.
-“Модарнома” панҷоҳ ҳазор чоп мешавад ва бояд ба ҳама дўстдорони шеър расад. Аз ин зиёд касе чоп нашудааст, устод Айниро даҳҳазор чоп карда буданд. Ман аслан бо ягон нашриёт қарордод надорам, китобама чоп кунед намегўям, худашон чоп мекунанд, ҷеғ мезананд, ки омада пулата гир, баъд меравам.
-Соли оянда ба панҷоҳ медароед…
-Фаҳмидам чи мехоҳед бигўед. Дар хонаам барои дўстонам як зиёфат мекунам, аммо тантанаю дабдаба намехоҳам. Ман расман мактуб навиштам, ки ҷашн оростан намехоҳам, зеро меоянд таърифу дурўғ и бисёра қатор мекунанду мераванд. Масалан Ўзбакистон Абдулло Орифов ба 50 надаромада шоири халқӣ додаш. Боре дар Тошканд меҳмони Ҷонибек Қувноқов будам, Абдулло Орифов низ буд он ҷо. Дар миёни сўҳбат Шароф Рашидов телефон кард ва ба Абдулло гуфт, ки хонаи нават додем, ҳамин рўзҳо китобатро дар Маскав чоп мекунанд. Дар Тоҷикистон то ба 70 надароӣ, унвон намедиҳанд. Вале ман зидди бо қарор додани унвони шоири халқӣ ҳастам. Классикони мо ҳеч кадом бо қарор шоири халқӣ нашудаанд, ҳарчанд сад бор аз халқиҳои имрўз халқитаранд…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ