Мусобиқаҳои «Пойга» ва «Бузкашӣ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

22-юми марти соли 2022 ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии «Пойга» ва «Бузкашӣ» гузаронида мешавад.

Тавре аз кумитаи тадорукоти мусобиқаҳо хабар додаанд, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида хоҳад шуд.

— Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои анъанавии пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврўзӣ барои густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосатан ҷавонон мусоидат карда, аз ҷониби дигар барои боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои дўстонаи байни халқҳо мусоидат менамояд,- афзудааст манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *