Мусобиқаи “Гран При Душанбе-2023” баргузор мегардад

1-уми июн дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер дидор кард. Дар ин бора хадамоти матбауоти президенти кишвар хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаи мазкур, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпию Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудоро баррасӣ кардаанд.

Таъкид мешавад, ки ҷонибҳо омодаи ҳамкорӣ дар оянда буда, аз баргузории мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, пазироӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи “Гран При Душанбе-2023”, ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок хоҳанд кард. Пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ омода буда, аз тарафи Ҳукумати кишвар барои рушди риштаи гӯштини ҷудо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар ин бахши варзиш гуфтугӯйи судманд анҷом додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *