Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ дар Панҷакент
Бахшида ба ҷашни Наврӯз аз 15 то 17-уми март дар шаҳри Панҷакент мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад.
Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқа гурӯҳи корӣ бо иншооти варзишии шаҳр шинос шуданд.
Қасри паҳлавонони суғдӣ ва варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент макони баргузории ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ муайян карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллӣ соли 2022 мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ