Мусодираи 495 кило маводи мухаддир дар як сол
Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 аз гардиши ғайриқонунӣ 495 кило маводи мухаддир мусодира шуда, дар қиёс бо соли 2022 дар ҳаҷми 25 кг ё 4,9% кам аст.
“Ҳарчанд дар мусодираи маводи мухаддир натиҷа коҳиш ёфта бошад ҳам, вале мусодираи моддаҳои психотропӣ, ки хатари бештар дорад, 3,8 маротиба ва афюн 37,2% афзойиш ёфт”, — гуфт Зафар Самад.
Омори дигаре, ки Агентӣ расман пешниҳод мекунад, низ аз коҳиши дастовардҳои ин ниҳод ривоят мекунанд. Аз ҷумла, дар соли 2023 аз сӯйи кормандони он 114 (2022 – 138) ҷиноёти вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 17,4% (24 ҷиноят) кам аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ