Мусодираи беш аз 2,5 кг ҳашиш дар ҷануби кишвар
Кормандони Хадамоти гумруки кишвар зимни амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Сарбанд шаҳрванди 41- сола А.Н.-ро дастгир намуданд, ки аз ӯ ба миқдори беш аз 2,5 кг маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» мусодира гардид.
Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки шаҳрванд А.Н. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шахсони ба мақомоти таҳқиқ номаълум ба кори ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол ва ба шахси дигар додани маводи нашъаовар машғул шудааст.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки нисбат ба ин ҳолат бо моддаи 200 қисми 3 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, барои баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ