Мусофир пояшро аз оинаи таксӣ баровард, ронанда танбеҳ гирифт

РВКД дар шаҳри Душанбе аз беэҳтиромӣ зоҳир кардани як нафар шаҳрванд нисбати ҷамъият хабар дод.

— Дар асоси муроҷиат ва расми ирсолнамудаи як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи “Волсваген”, рақамҳои қайди давлатиаш 8251ТТ09, Салмонов Роҳатшо Амонович ва мусофири ӯ шаҳрванд Сабуров Қурбоналӣ Мавҷудович, санаи таваллудаш 19.07.1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Меҳробод боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд,- меафзояд манбаъ.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки санаи 26-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Карамов, мусофири нақлиёти мазкур пойҳои худро аз оинаи автомашина ба берун бароварда, нисбат ба ҷамъият беэҳтиромӣ зоҳир намудааст, ки ин ҳолат дар расми ирсолнамудаи шаҳрванд низ дида мешавад.

Тавре зикр мегардад, шаҳрванд Салмонов Роҳатшо, ки дар ширкати ҶДММ «Талко-Персия» ҳамчун ронанда фаъолият мекунад, ба ин амалкарди мусофири худ эрод нагирифта, бо чунин тарз ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома додааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон бо шаҳрванд Сабуров Қурбоналӣ барои минбаъд такрор накардани чунин амалҳои беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *