Мусовӣ дар рақобати “Эл-Классико”

Шаби гузашта  дастаҳои неруманди Испания -“Барселона” ва “Реал” дар бозии мавқуфмондаи даври 10-уми Ла Лига рақобат намуданд.

Бозӣ дар варзишгоҳи муҳташами “Камп Ноу” майдони хонагии «Барселона» дар ҳузури зиёда аз 93 ҳазор мухлис баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии бидуни гол хотима ёфт.

 Ҳарду дастаҳо имконияти хуби голзанӣ доштанд, аммо ба задани гол даст наёфтанд. Маврид ба ёдоварист, ки сар аз соли 2002 ин аввалин бор аст, ки дар мусобиқоти “Эл – Классико” бидуни задани гол хотима меёбад.

Баъди ин бозӣ дастаҳо соҳиби як холӣ шуда, бо доштани 36 имтиёзӣ дар зинаҳои якум ва дуюми ҷадвали Ла Лига ҷой гирифтаанд. 

Дар ҳамин ҳол, дар мусоқиботи қаҳрамонии ҷаҳон миёни дастаҳои қаҳрамони дунё дар Доҳаи Қатар дастаи “Ливерпул”-и Англия бар дастаи “Монтеррея”-и Мексика бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуда ва ба мусобиқоти финалӣ роҳ ёфт.

Дастаи “Ливерпул” рӯзи 21 декабр дар бозии ниҳоӣ бо дастаи “Фламенго”-и Бразилия қувваозмоӣ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *