Мусулмон набояд мусулмони мавсимӣ бошад!

Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба як қатор саволҳои суолгузорандагон посух дод, ки беҳтаринҳояшро пешкаши хонандагони азиз месозем.

Ниёз Сатторов аз ноҳияи Айни суол медиҳад:

— Ба шахсе, ки намози панҷвақтаро намегузорад, хондани намози таровеҳ равост?

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода посух мегӯяд:

— Намоз дар баробари рӯза яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом аст. Намоз аст, ки инсонро аз корҳои бад дур нигоҳ медорад. Мусулмон набояд мусулмони мавсимӣ бошад. Намоз бар асоси таълимоти ислом назди Худованд мартаба ва ҷойгоҳи бузурге дорад ва аз ҳар ибодати дигаре азизтар ва маҳбубтар аст. Он барои инсон меъроҷи маънавӣ, тулуъгоҳи руҳӣ, созандаи ҷавҳари шахсият ва такомулдиҳандаи истеъдодҳои фитрӣ мебошад.

Худованд панҷ вақт намозро бар бандагонаш фарз гардонид ва бандаи намозгузор дар пешгоҳи ӯ ҷойгоҳи хос ва аҷру савоби бисёре ба даст хоҳад овард. Шариати ислом мефармояд: «Ҳар касе хуб ва ба таври комил вузӯ гирад ва намозро бо хотири ҷамъ барпой дорад, рӯзи қиёмат гуноҳони сағира (хурд)-и гузаштааш бахшида мешаванд ва дохили биҳишт мегардад». Ҳамчунин, омадааст, ки «Намоз шоҳсутуни дин аст. Ҳар касе намозро накӯ барпой дорад, динро устувор ва пойдор намуда ва ҳар касе онро тарк намояд, динро барбод додааст».

Муҳаммад Иқбол мефармояд:

Ло илаҳ бошад садаф, гавҳар намоз,

Қалби муслимро ҳаҷи асғар намоз.

Дар кафи муслим мисоли ханҷар аст,

Қотили фаҳшову бағйу мункар аст.

Бинобар ин, намозро на фақат дар моҳи Рамазон, балки дар ҳамаи ҳолат бояд мусалмон бихонад. Намози таробеҳ аз ҷумлаи суннатҳоест, ки иҷро кардани он аҷру подош дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *