Мутабар Ғафурова пас аз панҷ соли зиндон сафед карда шуд
Мутабар Ғафурова, корманди пешини мақомоти амнияти Ӯзбекистон баъди панҷ соли зиндон сафед карда шуд. Дар ин бора нашрияи «Инсон ва қонун»-и вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Мутабар Ғафурова корманди фаврии мақомоти амнияти он кишвар дар шаҳри Қуқанд буд ва соли 2009 ба нафақа баромад. Баъди ҷанҷол бо роҳбарияташ дар вилояти Фарғона бо парвандаи сохта ӯро зиндонӣ карданд.
Ғафурова 23 декабри соли 2009 бо айби барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, мазҳабӣ, таҳия кардан, нигаҳдорӣ ва паҳнсозии адабиёте, ки ба амнияти ҷамъият хатар дорад ва ҳамчунин паҳн кардани сирри давлатӣ ба муҳлати 7 сол зиндонӣ шуд.
Ба навиштаи нашрия, Ғафуроваро соли 2015 авф карданд. Вай дар соли 2017 дар мулоқот бо роҳбарияти Додситонии кулли Ӯзбекистон суханронӣ ва далелҳои бегуноҳиашро пешниҳод кард.
Додситонии кулли Ӯзбекистон соли 2018 Мутабар Ғафуроваро сафед ва Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи поёниро бекор кард.
Додгоҳ қарор кард, ки нафақаи ҳаштсолаи вай дар ҳаҷми 12,5 ҳазор доллар пардохт шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ