Муваффақияти мо: Муаррифии адабиёти тоҷик дар Австралия
Шоири тоҷик Нуралӣ Нурзод дар Фестивали XI байналмилалии адабӣ ва озмуни «Open Eurasian Book Forum & Literature Festival»-и Австралия дар номинаи «Асари академӣ» сазовори ҷойи 3-юм гардидааст.
Гуфта мешавад, ки Нуралӣ Нурзод барандаи озмуни ҷоизаи ба номи Салтанат Раҳимбеков дар номинаи «Кори академикӣ» барои маҷмӯаи мақолаҳои илмии «Аз Сада то Наврӯз» бо забони тоҷикӣ шудааст.
Бояд зикр намуд, ки Фестивали байналмилалии адабии «Авруосиёи кушода» аз 10 то 16-уми декабр дар шаҳри Мелбурн (Австралия) аз ҷониби Иттиҳодияи эҷодии Авруосиё (Лондон) баргузор шуд, ки нависандагон, шоирон ва дигар одамони эҷодкор барои корҳои эҷодияшон бо мукофотҳо сарафроз гардонида шуданд.
Ба озмун дар маҷмуъ 500 дархост аз 50 кишвари ҷаҳон пешниҳод гардидааст, ки 3-тои он аз Тоҷикистон будааст.
Бино ба хабарҳо, дар доираи фестивали адабӣ ба ғайр аз маросими ҷоизасупорӣ ва тақдими ҷоизаҳо китобҳои нависанда ва адабиётшиноси тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ «Ҳамсояҳо» ва «Саргузаштҳои бибии Гулсифат» муаррифӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ