Мувофиқаи ҷонибҳо дар Хуҷанд: Дар зудтарин фурсат корхонаи истеҳсоли лифт таъсис медиҳем

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода намояндагони ширкати белорусии «Могилевлифтмаш»-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода зимни дидор ва гуфтугӯ бо намояндагони ширкати бонуфи «Могилевлифтмаш» аз ҷумла қайд намудааст, ки ба шарофати саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шудаанд. “Намунаи олии он ҳамкориҳои судмандро дар чорчӯбаи шарикии босамар байни бародаршаҳрҳои Хуҷанд ва Могилёв низ эҳсос кардан мумкин аст,- афзудааст ӯ.

Александр Сорокин, сардори бюрои фурӯши ширкати белорусии «Могилевлифтмаш» зимни суҳбат таъкид доштааст, ки ҳадаф аз сафари намояндагони ширкат ба роҳ мондани ҳамкориҳо, ташаккули фаъолияти судманди тарафайн мебошад: «Могилевлифтмаш» омода аст, ки корхонаву ташкилот ва аҳолии шаҳри Хуҷандро бо лифтҳои замонавӣ таъмин намояд. Ширкат таҷрибаи зиёди истеҳсолот дар ин самтро доро буда, асосан 3 намуди лифтҳо: барои борбардорӣ, боркашонӣ барои хонаҳои баландошёна, барои беморхонаҳо ва барои коттеҷҳо бо зиёда аз 180 модел истеҳсол менамояд, ки иқтидори борбардорию боркашонии лифтҳо аз 100 кило то 6 ҳазору 300 кило мебошад. Ба ғайр аз лифтҳо, лифтҳо барои шахсони маъюб, эскалатору траволаторҳо, борбардорҳои сохтмонӣ ва резакунакхо (молчерҳо), инчунин молҳои сермасриф истеҳсол карда мешаванд.

Ширкат омодааст, ки дилхоҳ шакли ҳамкориро қабул намояд”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода омодагии мақомоти шаҳрдориро ҷиҳати ба роҳ мондани корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифтҳо изҳор дошта, таъкид намудааст, ки он имкон медиҳад, то таъмини сокинони аҳолии хонаҳои баландошёна ва идораву корхонаҳо иҷро гардида, ҳамзамон барои қонеъ намудани талаботи дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ тарафҳо сайъ намоянд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар зудтарин фурсат бо ҷалби гуруҳҳои корӣ барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо ба фаъолият оғоз мебахшанд.

— Сипас, намояндагони ширкати белорусии «Могилевлифтмаш» аз имконоти майдони истеҳсолии «Хуҷандторгмаш» аз наздик шинос гардида, бо роҳбарияти он доир ба иқтидори корхона ва дастгоҳу таҷҳизоти он суҳбати озоду ошкоро намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *