Муйсафеди ҳисорӣ: Шикоят кардему ба ғазаб гирифтор шудем (Видео)

Салом ҳафтаномаи дӯстдоштаам “Оила”. Ман сокини деҳаи Хоҷасидиқи ҷамоати Дурбади шаҳри Ҳисор Бибигул Абдураҳмонова бо умед ба шумо муроҷиат карда истодаам, то ки ҳоли зори моро ба самъи курсинишинони воломақом расонед. Аз зиндагии вазнин ҷони ман ва падару бародарам кайҳо ба лабамон расидааст, вале касе арзи диламонро шунида, дастамонро намегирад.

Хонаҳои падарам дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Мӯйсафед чанд маротиба ба ҷамоат рафта, гиряву зорӣ кард, ки ба хотири ду ятим ва писари бемораш кӯмак расонанд, вале касе ба додаш нарасид. Падарам дид, ки аз ҳукумати маҳаллӣ ҳеҷ муроде ҳосил намешавад, ба дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат рафта, ба номи сарвари давлат нома навишт. Як ҳафта нагузашта, аз дастгоҳ ду марду як зан барои санҷиш омаданд. Онҳоро раиси шаҳри Ҳисор ва раиси ҷамоат ҳамроҳӣ мекарданд.

Хулоса, ҳолу аҳволи моро бо чашми худ диданд ва шароити вазнини зиндагиамонро ба навор гирифта рафтанд.

Кормандони ҷамоат аз падарам хафа шуданд, ки аз болои онҳо ба президент арз кардааст ва хонаро вайрон карданд. Мӯйсафед пурсид, ки барои чӣ хонаамро чапа кардед, кормандони ҷамоат ба сари падарам дод заданд, ки барои чӣ ба дастгоҳи президент аз рӯи мо шикоят кардӣ?! Акнун мо маҷбурем, ки тахтаҳои ҳамин хонаи куҳнаатро гирифта бароят хонаи нав созем. Аз моҳи июн то сентябр падарам ҳамроҳи ду набераи ятим ва писари касалиаш дар берун ба чангу хок ғӯтида хоб рафт. Ҷамоат моро миннатдор карда, гӯё як хонаи нав сохта дод, вале он на дар дораду на тиреза. Дар ҳамин фасли сарди тирамоҳ падари мӯйсафеди ман, ки синну солаш қариб ба 90 дакка хӯрдааст, дар хонаи бе дару тиреза мехобад. Дар манзили мо ягон шароити санитарӣ нест, ҳамаамон ба хоку лой ҷӯлида гаштаем. Илтимос, як маротиба омада ҳоли зори мор бубинед, охир камбағал бошем ҳам, мо инсон ном дорем-ку!

Бо эҳтиром: Бибигул Абдураҳмонова, н. Ҳисор.

               Ранг бину ҳол пурс

Номаи Бибигул моро сахт ба риққат овард ва барои фаҳмидани асли ҳол роҳ ҷониби Ҳисор пеш гирифтем. Ронандаи таксӣ мошинро дар назди як ҳавлии бе дарвоза нигоҳ дошта гуфт:

-Хонаи бобои Болтақул ана ҳамин аст!

Ҳаққи хизмати ронандаро пардохт намуда, мо қадам ба ин ҳавлии ношинос гузоштем. Ин манзил аз хонаи одами зинда дида, бештар ба вайрона шабоҳат дошт.  Аз хонаҳои куҳнаи валангоршуда ғарами хок ва ифлосии зиёде боқӣ монда буд, ки ба ёди кас лонаи чуғзро меовард. Дар як гӯшаи ҳавлӣ хонаи нав сохта буданд, вале деворҳои бино на андова доштанд ва на ягон хел рангу бор. Дар ин вайрона моро муаллифи номаи пурсӯзу гудоз Бибигул Абдураҳмонова интизор буд. Сараввал мо аз ин зан хоҳиш намудем, ки ҷойи хоби падарашро нишон диҳад. Бибигул моро ба хонае даровард, ки тамоман таъмир нашуда буд. Дар рӯйи фарши пур аз хоку чангу гард як гилеми куҳна партофта, аз чанд кӯрпачаи нимдошт ҷогаҳ андохта буданд. Ба хона як тирезаи бе ранг часпонда бошанд ҳам, гузоштани шишаро фаромӯш карда буданд ва хона чунон хунук буд, ки тамоми аъзои бадани одам ба сӯзиш медаромад. Симҳои барқ ҳама урён  ва зистан дар байни ин қадар ифлосӣ аслан ғайриимкон буд. Дар ҳоле, ки пойҳоям аз таъсири сармо карахт мешуданд, аз дил мегузаронидам, ки мани 25- сола ин қадар хунук хӯрда истодаам, падари Бибигул, ки мӯйсафеди қариб 90- сола будааст, дар ин хунукӣ чӣ хел хоб мерафта бошад?!

Шарҳи ҳоли ин оиларо муфассал дар ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон» ва «Оила» мутолиа намоед!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

14 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *