Музди меҳнати муҳоҷирон қариб ба маоши русҳо баробар шуд
Музди меҳнати муҳоҷирон дар Маскав қариб ба маоши русҳо баробар шудааст. Даромади миёнаи моҳонаи муҳоҷирон дар Русия аз 47 ҳазор рубл гузаштааст. Дар ин бора «Российская газета» бо истинод ба гуфтаи президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти Росстат, музди миёнаи ҳисобшудаи як шаҳрванди Русия ҳоло 54,6 ҳазор рубл дар як моҳ аст. Бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ ва шуғли хусусӣ бошад, 32,4 ҳазор рубл.
«Ҳамин тавр, маоши миёнаи муҳоҷирон ба маоши миёнаи русҳо хеле наздик шуд. Воқеан, худи муҳоҷирон иқрор шуданд, ки мехоҳанд ба ҳисоби миёна 77,2 ҳазор рубл кор кунанд”,- зикр намудааст Коженов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ