Мужда аз «Шакардара». Суҳбат бо адиби бачаҳо Маҳбуба Неъматзода

Нависанда ва шоири маҳбуби бачаҳо Маҳбуба Неъматзода ба синни мубораки 75 расид. Соли гузашта «Шакардара» ном китоби ӯ ба гирифтани Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гашт. Бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.

— Устоди азиз, аввал шуморо ба муносибати мавлуд, сипас бо гирифтани ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ табрик мегӯям.

— Ташаккур. Соли 2023 нашриёти «Адиб»-и Тоҷикистон «Шакардара» ном китоби маро чоп кард, ки мисли китобҳои пешинаам «Меҳрубон», «Таваллудат муборак», «Бонуи бобо», «Модари ҷон, модарам», «Боғи шамол», «Тӯтии сухандон», «Одоб ҳусни инсон аст» аз шеъру ҳикоя, афсона ва чистону тезгӯякҳо иборат аст. Китоби нав аз ҷониби хонандагону мунаққидон баҳои баланд гирифт ва онро шӯрои адабиёти бачаҳои Иттифоқи нависандагон ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод кард. Ҳамин тавр, ин китоб барандаи ҷоиза шуд.

— Шумо дар оилаи ҳунарманд ва санъаткорони номӣ ба дунё омадаед. Аз нуҳ нафар фарзанд се нафар роҳи санъатро пеш гирифтед. Додаратон Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов дар рушди эстрадаи тоҷик нақши муҳим дорад. Бародаратон Музаффар Неъматзода (руҳашон шод бод) ҳамчун меъмори эҷодкор ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ мушарраф гардиданд. Сабаби ба адабиёт рӯ овардани шумо дар чист?

— Модарам Марямҷон (ҷояшон дар ҷаннат бод) дар ҷавонӣ бахиядӯзи номӣ буданд. Модаркалони шеърдӯстам Мастурабонуи бухороӣ барои гулдӯзиҳои модарам абрешимро ранг дода, ба воситаи чарху дуг ба ғалтак мепечонданд. Ҳангоми чархресӣ борҳо медидам, ки ғазалҳои Ҳофизу Саъдиро замзама мекарданд. Аз модаркалони зиндадилу шеърхонам ишқи шеър ба ман мерос монд. Овони таҳсил дар мактаб дилам мехост, ки тамоми дарсҳо дарси адабиёт бошанд. Аз шоирони бузурги классик ва муосир шеърҳои зиёд азёд мекардам. Боре муаллимаи адабиёт ба мо фармуд, ки аз достони «Ҷони ширин»-и М. Турсунзода даҳ байт аз бар намоем. Достон бо равониву мазмун ончунон ба ман писанд омад, ки давоми ҳафта онро пурра аз ёд гуфта, ҳамсинфонамро ба ҳайрат гузоштам.

— Аввалин шеъри худро кай навиштед?

— Овони таҳсил дар синфи нуҳуми мактаби рақами 15-и шаҳри Душанбе аввалин шеърҳои навмашқонаи ман рӯи коғаз омаданд. Рӯзе даҳ-дувоздаҳ шеърро дар дафтаре навишта, роҳи идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»-ро пеш гирифтам. Бо ҳаяҷон дари утоқи сармуҳаррири рӯзнома шоира Мавҷуда Ҳакимоваро боз карда, бо эҳтиром салом додам. Эшон бо табассум маро ба дохил хонданд. Азбаски фарши утоқ гилеми хушранг дошт, бо кафши гилолуд ҷуръати даромадан накарда, лаҳзае паси дар ҳайрон мондам. “Ҳеҷ гап не, биёед, биёед духтарҷон”,- бо меҳрубонӣ гуфтанд ҷонишини сармуҳаррир Акбар Қодирӣ, ки он лаҳза дар ҳамон ҷо ҳузур доштанд. Бо хиҷолат вориди утоқ шуда, дафтарро ба дасти Мавҷуда Ҳакимова додам ва зиёд наистода рафтам. Баъди ду-се ҳафта рӯзи якуми майи соли 1964 аз қуттичаи дарвозаи ҳавлӣ рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»-ро гирифта, чун ҳамеша бо меҳр онро варақ задам. Ногоҳ дар саҳифаи аввал «Сулҳу дӯстӣ» ном шеърамро дида, бо шодӣ чунон фарёд задам, ки аз хона падару модарам, бибиҷону хоҳару додарҳоям тарсида берун омаданд. “Бинед, дар рӯзнома шеъри ман чоп шудааст”,- гуфтам бо шодӣ. Ҳамин тавр, сарнавишти хешро ба эҷод пайвастам.

— Бо олими номдор, санъатшинос, адиб ва журналисти варзида Ҳазрат Сабоҳӣ беш аз 50 сол аст, ки хушбахтона зиндагӣ доред. Ба ҳаёти шумо бисёриҳо бо ҳавас менигаранд. Бигӯед, ки тақдир чӣ тавр шуморо рӯ ба рӯ кард?

— Соли 1966 ба бахти мо хатмкунандаҳои мактаби миёна дар назди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бори аввал шуъбаи журналистӣ таъсис ёфт. Бо маслиҳати устодонам пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба ҳамин шуъба супоридам. Шоири навқалам ва мухбири ҷавон Ҳазрат Сабоҳӣ низ пас аз хатми мактаби рақами 10-и шаҳри Самарқанд бо нияти таҳсил дар ин шуъба ба Душанбе омаданд. Бахт ба рӯи мо хандид. Имтиҳонҳои қабулро бо баҳои хубу аъло супорида, ҳар дуямон донишҷӯи шуъбаи журналистӣ гардидем.

Ҳазрат Сабоҳӣ ситораи гарм ва дониши баланд доштанд. Муҳимтар аз ҳама, камсухан ва хоксор буданд. Ман ҷавонҳои лаққиву сергап ва мағрурро бад медидам. Сабоҳӣ бо оромиву ботамкинӣ, камсуханӣ, хушодобӣ ва бо номаҳои пур аз меҳр оҳиста-оҳиста диламро бурданд. Аз курси дувум то хатми донишгоҳ чор сол қариб ҳар рӯз вомехӯрдем. Баъди дарс якҷоя ба китобхонаи Фирдавсӣ, Театри ба номи Лоҳутӣ, музей, кинотеатри Ҷомӣ ва қаҳвахона мерафтем. Бисёриҳо ба мо бо меҳр менигаристанд ва мегуфтанд, ки ба якдигар монанд ҳастем.

Аҷиб, ки ҳатто оилаҳои мо ба ҳам монандӣ дошт. Мо фарзандон дар оила агар нуҳ нафар бошем, оилаи Ҳазрат Сабоҳӣ низ аз нуҳ нафар иборат аст. Фамилияи модари ман ва ҳам модари он кас Азизова. Модаронамон, ки дар оила яккадухтар буданд, падари ҳардуямон ҳам хонадомод шудаанд.

Сентябри соли 1971 баъди хатми донишгоҳи олӣ издивоҷ кардем. Сад шукр, ки се нафар фарзанд, даҳ набера ва ду абера дорем.

— Дар як манзил бо ҳам зиндагӣ кардани ду эҷодкор хуб аст ё мушкил?

— Ба фикри ман шавҳари зани эҷодкор аҳли қалам бошад, ин хеле хуб аст. «Қадри зар заргар бидонад» гуфтаанд. Агар шавҳари рӯзноманигору олим намедоштам, наметавонистам солҳои зиёд дар соҳаи матбуот кор кунам. Солҳои кор дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Фирӯза» ва «Чашма» бо супориши редаксия ба бисёр шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон, ҳатто Бадахшон сафарҳо доштам. Ба шарофати ғамхории устод ман кишварҳои Олмон, Эрон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Русия, Покистон ва Афғонистонро дидам. Устод одати хубе доранд, ҳар гоҳ дар хона машғули навиштан мешавам, кӯшиш мекунанд, ки ба ман халал нарасонанд. Саволҳои беҷо, супоришҳои бемавқеъ намедиҳанд. Мисли баъзе мардҳо овоз баланд карда, «ман гушна мондам, хӯрокро кашида деҳ» намегӯянд. Ба ман аз ҷавонӣ «шумо» гӯён, бо эҳтиром муроҷиат мекунанд ва муҳим он ки, навиштаҳои ман ба устод маъқул аст.

Ҳар гоҳ шеъру ҳикоя ё афсонаву чистон менависам, аввал ба дасти Ҳазрат Сабоҳӣ месупорам. Он кас хонда, баҳояш панҷ гӯянд, хурсанд мешавам. Агар баҳояш чор гӯянд, дар андеша мемонам ва аз пайи таҳриру такмил мешавам. Масалан ин шеърро, ки «Сойи ғӯс» ном дошт:

Автобуси даҳ омад,

Рӯ-рӯяки раҳ омад.

Автобуси Сойи ғӯс

Дар болояш чил хурӯс.

Гуфтам:- Ба Кӯи сахо

Хуш омадед, марҳабо.

Зуд аз мошин фароед,

Ба деҳи мо дароед.

Деҳаи Кӯи сахо

Бо шумо гирад сафо.

Хурӯсе гуфт:- Ташаккур,

Ҳастем равон роҳи дур.

Соати панҷи саҳар

Бояд расем Дашти зар.

Бояд шавем сари кор,

Мардумро кунем бедор,

— хонда, баҳояш чор гуфтанд. Як ҳафта дар андеша мондам. Ниҳоят дар шеър байти охирин:

Осон набошад чандон

Хезондани танбалон

— рӯи коғаз омад.

Устод аз нав шеърро хонда, бо шодӣ «ана акнун баҳояш панҷ» гуфтанд.

Ду-се сол пеш хеле чистон навиштам. Аз байни навиштаҳоям чистони “Шутурмурғ”:

Мурғаке дидам аҷаб,

Гардани вай даҳ ваҷаб.

Гарчӣ ӯро як то сар,

Дорад номи ду ҷонвар

— ба устод хеле маъқул шуд. Баъди хондани чистон он кас аз ҷо бархоста, «даст диҳед, зӯр баромадаст» гуфтанд.

— Ҳаёти шумо хеле рангин, пурмазмун ва самарабахш гузаштааст. Дар баробари фаъолият дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чор сол дар кишвари Афғонистон, даҳ сол дар Ҷумҳурии Эрон кор ва зиндагӣ кардед. Кадом солҳои ҳаётатон барои щумо солҳои пурмаҳсул буданд?

— Соли 1993 бо сабаби нооромӣ дар Тоҷикистон ва муваққатан аз фаъолият бозмондани маҷаллаи «Чашма» ба Самарқанд омадем. Дар мактаб омӯзгор шуда, бо рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамкорӣ доштам. Баҳори соли 1996 бо даъвати сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Самарқанд», журналисти номдор Тошпӯлод Раҳматуллоев ва бо шарофати шодравон, нависанда Ӯктами Иброҳим ман дар рӯзномаи шаҳрӣ ба кор шуруъ кардам.

Солҳои 1996-2000-ум барои ман беҳтарин солҳои умр, солҳои парвозҳои эҷодӣ буд. Ин солҳо баробари барои рӯзнома навиштани хабару мақола, мубоҳиса, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва ҳаҷвияҳо, пайваста барои бачаҳо шеъру ҳикояҳо, афсонаву чистонҳо менавиштам. Дар давоми панҷ сол барои бачаҳо се китобам бо номҳои «Меҳрубон», «Таваллудат муборак», «Бонуи бобо» дар нашриётҳои «Самарқанд», «Зарафшон», «Суғдиёна» бо тиражи чор ва ҳашт ҳазор аз чоп баромад.

— Зану шавҳар табъи хуби шоирӣ доред. Оё ба якдигар шеър навиштаед?

— Солҳои 1983-1987 устод дар шаҳри Кобули кишвари Афғонистон машғули тарҷумонӣ буданду ман ва писари хурдиам Исфандиёр он касро ҳамроҳӣ мекардем. Тобистони соли 1984 ҳамроҳи писарам бо баҳонаи тӯй ба Душанбе рафтаму чор моҳ дар он ҷо мондам. Ҳазрат бо муҳаббат номаҳои бешумор навишта, хоҳиш мекарданд, ки зудтар баргардем, аммо ман сафарро ба моҳи дигар мегузоштам. Рӯзе аз номашон номаи ғафсакаке омад. Лифофаро кушода, аввал дар коғазе расми устодро дидам. Эшон, ки дар расмкашӣ маҳорат доштанд, паси панҷараи пешайвони хона акси худашонро лоғару танҳову ғамгин тасвир карда буданд. Дар варақи дигар нома ва ин шеъри эҷодкардаи устод буд, ки чунин мисраъҳо дошт:

Шаддаҳои ашки ман бошад нисори поятон,

Гавҳари чашмони ман бошад ҳамеша ҷоятон.

Аз сари лутфе назар бар ҳоли мискинам кунед,

Хона холӣ, бистари холӣ, мани танҳоятон.

Кай шавад рӯзе, ки гирад нур аз рӯи шумо,

Чашмҳои интизори кобулӣ оқоятон.

Шеър чунон таъсир бахшид, ки ҳафтаи дигар парида ба Кобул рафтам.

Солҳои 2000-2010 устод корманди радиои «Садои Хуросон» буданду дар шаҳри Машҳади Эрон зиндагӣ мекардем. Рӯзе дар ошхона машғули шӯрбопазӣ будам, ки хонуме занг зада, пешинӣ маро ба меҳмонӣ даъват кард. Барои дастовез зуд як зувола гирифта, самбӯса пухтам ва ҳаққи устодро то сард нашавад, дар тафдон гузоштам.

Вақти рафтан саросемавор ба устод чунин нома навиштам:

Оғоҷони ҷонона,

Шӯрбо дар ошпазхона.

Дар тафдон чор самбӯса,

Рӯи токча ду бӯса.

Ду бӯсаи ҳавоӣ,

Ба оқои Сабоҳӣ.

— Чӣ орзуҳо доред?

— Солҳои охир, ки дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунем, шоҳиди воқеаву ҳодисаҳои аҷиби рӯзгор шуда, як силсила ҳикоя барои калонсолон ҳам навиштам, ки онҳоро дар маҷмӯаи «Дуроҳаи ҳаёт» гирд овардаам. Орзу дорам, ки соли 2025 он ба дасти хонанда расад. Сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд», шоири ширинсухан Баҳодур Раҳмонов ваъда доданд, ки ин китобро аз ҳисоби маблағи рӯзнома чоп мекунанд. Китоби дигарам “Чил чистон” низ омодаи нашр аст. Боз як орзу дорам. Бисёр мехоҳам, ки болои сарам ҳамеша шавҳари ман, гавҳари ман Ҳазрат Сабоҳӣ зиндаву саломат бошанд.

Дуним сол пеш он кас дар аснои сайри ноҳияи Бӯстонлик ногоҳ сактаи мағз гирифта, аз хондану навиштан дур шуданд. Шукр, имрӯзҳо хеле хубанд. Як моҳ аст, ки китоби таърихии нотамоммондаи худро мутолиа доранд. Умед дорам, ки заҳмати чандинсолаи устод беҳуда намеравад ва ин китобашон рӯи чопро мебинад.

Мусоҳиб: Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

хабарнигор аз шаҳри Самарқанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *