“Муждаи субҳ”-и Суҳроби Зиё

Маҷмӯаи очерку мусоҳибаҳои журналисти шинохтаи тоҷик Суҳроби Зиё таҳти унвони “Муждаи субҳ” ба нашр расид. Матолиби китобро муаллиф дар солҳои гуногуни фаъолияти хабарнигории худ таълиф кардааст.

Китоби мазкур аз 5 бахш иборат аст:  — “Дар суҳбати академик Муҳаммадҷон Шакурӣ”, “Дар суҳбати соҳибдилон”, “Чеҳраномаҳо”, “Сӯгномаҳо”, “Як достон ба поси хотири падарам”.

Дар ду бахши аввали китоб шомили мусоҳибаҳои Суҳроби Зиё бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик Саъдинисо Ҳакимова, шоирони маъруф Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Фарзона, адибон Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманон, рассом Сабзалӣ Шариф ва коргардон Сафарбеки Солеҳ мебошад. Дар бахшҳои баъдӣ очерку мақолаҳои муаллиф дар бораи академик Минҳоҷ Ғуломов,  журналист Искандар Мирзоев, актёр Ортиқи Қодир, журналист Бобоҷон Икромов, сиёсатмадор Бӯрӣ Карим, актриса Раҷабгул Қосимова, сароянда Фурқати Саид ва дигарон пешниҳоди хонанда шудааст.

Ба китоби “Муждаи субҳ” журналисти шинохта Обиди Шакурзода сарсухан навиштааст.

Муаллифи китоби “Мужади субҳ” Суҳроби Зиё журналисти шинохтаи тоҷик аст. Ӯ аз охири солҳои 80-ум фаъолияти кориашро дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, баъдан дар ҳафтаномаҳои “Оинаи зиндагӣ” ва “Тоҷикистон” фаъолият кардааст. Аз моҳи майи соли 1997 то ҳоло дар дафтари бахши форсии Би-би-си дар Тоҷикистон кор мекунад. Дар баробари таҳияи садҳо гузориш ва матолиби онлайнӣ барои ин телевизион Суҳроби Зиё ҳамчунин, муаллифи се филми мустанад аст. Яке аз онҳо дар бораи филмбардор ва аксбардори шинохта Заур Дахте, дуюми дар бораи ҳунари балет дар Тоҷикистон ва сеюм дар бораи шоири маъруфи тоҷик Фарзона, ки ҳар се тариқи телевизиони форсии Би-би-си пахш шудааст.  

Нахустин китоби Суҳроби Зиё таҳти унвони “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” ном дорад, ки ба рӯзгор ва осори филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте бахшида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *