Музокироти Русия ва Украина дар Истанбул баргузор шавад

Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар чаҳорчӯби раванди музокира дар Истанбул баргузор мешавад. Дар ин бора руасои ҷумҳури Русия ва Туркия ба мувофиқа расиданд.

Нимаи дуюми рӯзи якшанбе ёвари раҳбари Русия Владимир Мединский, ки ҳамзамон ҳайати Русияро дар машваратҳо раҳбарӣ мекунад, гуфт, ки даври нави музокироти рӯ ба рӯ миёни Русия ва Украина рӯзҳои 29-30-юми март баргузор мешавад. «Президентҳои Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатии ҳайатҳои музокиракунандаи Русия ва Украина дар Истанбул баргузор шавад»,- нақл мекунад РИА «Новости».

Музокироти Русия ва Украина аз 28-уми феврал идома дорад. Вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба рӯзи 10-уми март дар Анталия мулоқот карданд. Пас аз чанд даври машваратии рӯ ба рӯ, муколамаи ҷонибҳо дар шакли видеоконфронс идома ёфт. Қаблан радиои Sputnik хабар дода буд, ки Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар бораи аҳдофи Русия ва Украина дар музокирот сухан гуфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *