Муҷозоти сангин. Аз ивази асъор то боздошти чанд соҳибкор. Чиро бояд донист?

То 7 сол пеш дар Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар нуқтаҳои мубодилаи асъор зиёд буданд. Махсусан дар ҷойҳои серодам, аз ҷумла бозорҳо, сари ҳар қадам назарамон ба нуқтаи ивази асъор бармехӯрд. Ҳатто, дар роҳ истода, “доллар мехарем, қиммат мегирем” ва монанди ин аз ҷониби саррофон садо медод. Аммо имрӯз онҳо дигар нестанд. Ҷойи онҳоро нуқтаҳои расмии ивази асъор гирифтааст.

Аз ҷарима то ҳабс

Дар Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъор мезананд, муҷозоти сангин ё худ ҷаримаи гарон ва то 9 соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст. Барои ин соли 2016 вакилони Парлумони Тоҷикистон ба ду Кодекси кишвар -Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид намудаанд. Тибқи тағйирот ба қисми якуми моддаи 286-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки баъди супоридани ҷаримаи маъмурӣ маротибаи дуюм даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мезананд, ҷарима ба андозаи аз 200 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол, қисми дуюми моддаи мазкур ҷарима ба андозаи аз 730 то 1095 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ аз чор то шаш сол пешбинӣ гардидааст. Инчунин, агар кирдори пешбиникардаи қисми дуюми модда такроран аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори калон содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз 1277 то 1642 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ гардидааст. Бояд зикр кард, ки ҳоло як нишондиҳанда баробар ба 64 сомонӣ мебошад.

Талаботи қонун иҷро мешавад?

Акнун қонунгузории Тоҷикистон дигар иҷозат намедиҳад, ки мардум дар ҷойҳои ғайрирасмӣ пулашонро иваз кунанд. Ҳатто, нисбати онҳое, ки асъорро иваз мекунанд, мақомот чораҳои қонунӣ мебинанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, шахсоне пайдо мешаванд, ки талаботи қонунро нодида мегиранд. Далелҳои даст задани шахсони машғул ба ивази асъор дар ҷойҳои ғайрирасмӣ кам нестанд. Аммо дар гузашта баъд аз қабули қонун ҳам аз тарафи шахсони алоҳида ҳолатҳои машғул шудан ба хариду фурӯши асъор ба мушоҳида расидааст. Мақомот чандин соҳибкоронро, ки ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул будаанд, боздошт намудаанд. Аз ҷумла, чанд соҳибкори инфиродии шаҳри Ҳисор бо ҷурми ба таври ғайриқонунӣ ташкил намудани нуқтаи мубодилаи асъор ва ба муомилот баровардани асъори хориҷӣ боздошт гардида буданд. Шаҳрвандон Маҳмадалӣ Мусулмонов ва Сунатулло Мирзоев дар суроғаи шаҳри Ҳисор, кӯчаи Аловудинов, бинои 12 нуқтаи мубодилаи асъор ташкил карда, ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул будаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ номбурдагон дар вақти ғайриқонунӣ ба харидори шартӣ — шаҳрванд «А» ба амал баровардани мубодилаи асъори хориҷӣ ба маблағи 3000 доллар дастир гардиданд. Нисбат ба номбурдагон бо моддаи 286, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд.

45 нафар қурби пулро муайян мекарданд

Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Боре собиқ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки тасмими қатъи фаъолияти нуқтаҳои табодули арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон санҷидашуда ва дуруст аст. Ба гуфтаи Нуралиев, сиёсати роҳандозии нуқтаҳои мубодилаи асъор нодуруст буд ва онҳо дуруст танзим намешуданд. Ӯ чанд далелро ҳам зикр карда буд.
“Шахсоне, ки корманди низоми бонкӣ набуданд, ба мардум хизматрасонии бонкӣ мекарданд. Ягон транзаксияи гузаштаи нуқтаҳои мубодилаи асъор ба низоми худкор (автоматикунонидашуда)-и бонкӣ пайваст набуд. Фаъолияти онҳо аз сӯи камераҳое, ки бояд дар ин нуқтаҳо бошанд, таъқиб ё назорат намешуд. Мавридҳои ҳаннотӣ миёни ҳамин гуруҳи ашхос дида мешуд. Ягон қурбе, ки онҳо муайян мекарданд, ба қурби муайяншудаи низоми бонкӣ наздик набуд. Ба истилоҳ «валютчикҳо” дар “Вайбер” гуруҳ доштанд, ки 36 ё 45 нафар шуда, бо маслиҳат қурбро муайян мекарданд. Акнун бигӯед, ки оё иқдоми мо барои ҳимояи ҳуқуқи мардум буд ё не?”,- гуфта буд Ҷамолиддин Нуралиев.
Муовини собиқи раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба шарҳи бартариҳои марокиз ё нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, ки ба ҷои нуқтаҳои мубодилаи асъор эҷод шуданд, пардохта, гуфта буд, ки дар онҳо на як, балки 10 — 15 намуди хизматрасонӣ ба мардум пешкаш мешавад. «Ин марокиз ба дурустӣ танзим ва назорат мешаванд. Мо ҳамеша мавқеи асъории онҳоро метавонем назорат кунем, ки дар сатҳи лозимӣ ҳаст ё нест. Вақте маркази хизматрасонии бонкӣ ташкил мешавад, хидматрасониҳое назири дарёфти карта, қарзи хурд, интиқоли маблағҳо ва ғайра пешкаш мешавад»,- гуфта буд Ҷамолиддин Нуралиев.

Шарҳи Бонки миллӣ

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки расмӣ гардонидани нуқтаҳои мубодилаи асъор бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Аз ҳамин хотир, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта шуда, расмӣ гардонида шудааст. “Ҳоло ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадоранд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон ба таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд”,- иттилоъ доданд аз Бонки миллӣ.

Президент: Қурб бояд якто бошад

Мавриди зикри хос аст, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, аз ҷумла масъалаи муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷиро баррасӣ намуда буд. «Тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа, новобаста аз шакли моликият, бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои «қурби давлатӣ» ва «қурби бозор» аз байн бурда шаванд. Қурб бояд якто бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад»,- таъкид дошта буд Президенти мамлакат.
Маҳз ҳамин нигаронӣ ва дастури Сарвари давлат буд, ки мақомоти марбут ба сиёсати пулӣ ва қонунбарор пайи ислоҳи вазъ шуданд. Он замон бозори сиёҳи асъор ба авҷ расида буд. Ҳар кас ба хости худ асъорро иваз мекард. Коршиносон ҳам пешгӯӣ карда буданд, ки агар чунин вазъ идома ёбад, 100 доллар аз марзи 2000 сомонӣ мегузарад.
Вале имрӯз дилҳоҳ асъор дар дохили бонкҳо иваз ва барои ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият талаб карда мешавад. Муштариён ҳам дар мавриди ивази асъор бояд ҳушёр бошанд. Аввал вориди сомонаи бонкҳо шуда, нархи хариду фурӯши асъорро санҷанд, то гумроҳ нашаванд. Зеро мавридҳое мешавад, ки қурби асъор дар таблои бонкҳои мо фарқкунанда аст. Бинобар ин, ҳушёрӣ ва доштани маълумоти молиявӣ муҳим асту касро аз вартаи камогоҳӣ раҳоӣ мебахшад.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *