Н. Абдуғаффарзода: Мо аз ҳалокати сайёҳон мутаассифем
«Ман ба тамоми хешовандону наздикони сайёҳони ҳалокшуда, изҳори тассалият мекунам. Алббатта ин фоҷеа ҳамаи моро муттассиф намудааст. Кумита барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳо таъхирнопазир меандешад — изҳор намуд, Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишсти хабарӣ.
Номбурда дар ҳисоботи шашмоҳаи худ ба хабарнигорон иттилоъ дода, гуфт ки дар Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 50 ширкати нави туристӣ боз шуд, ки дар умум 129- ададро ташкил медиҳанд.
Ба иттилои Аббдуғаффорзода дар шаш моҳи сипаригардида зиёда аз 900 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, ки аз ин рақам 530 ҳазорашонро сайёҳон ташкил додаанд.
Бо мақсади рушди сайёҳати комили сайёҳон Кумитаи рушди сайҳӣ бо ҳамроҳии ширкатҳои сайёҳӣ бунёди иншоотҳоии ёрирасони сарироҳиро ҷоннок намудааст. “Давоми давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Ховалинг 1 меҳмонхона, ду утоқи қабули сайёҳон, бо мақсади рушди сайёҳии шикор дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 22 кат ва як меҳмонхона, ду меҳмонхона дар шаҳри Бохтар , як меҳмонхона дар Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент ва Истаравшан бунёд шудааст”-иброз дошт Абдуғаффорзода
Ҳамчунин қайд гардид, ки сохтани якчанд нуқтаҳои хизматрасонӣ ба сайёҳон бо дастгирии ширкатҳои хусусӣ, дар ноҳияҳои Лахш, Айнӣ, Мурғоб, ва ноҳияи Ш. Шоҳин дар нақша аст ва қарор аст роҳандозӣ шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ